12.11.1982. Дар СССР Юрий Андропов котиби генералии Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардид.
14.11.1920. Дар деҳаи Кашино (наздикиҳои Маскав) аввалин чароғаки электрикӣ (лампочка) фурӯзон шуд. Ин аввалин чароғак дар деҳаи русӣ аст. Дар ифтитоҳи ин нерӯгоҳи хурдакак, Ленин ва дигар сарони кишвари шӯроҳо ҳузур доштанд. Умуман, болшевикон ба таъмини кишвар бо барқ диққати вежа дода, ҳатто Ленин электрикунонии мамлакатро 1 шарти коммунизм номида буд.
14.11.1935. Дар шаҳри Маскав аввалин ҷаласаи Умумииттифоқии стахановчиён барпо шуд. Ин ҳаракат, ки тавассути шахтёр-Стаханов дар кишвари шӯравӣ роҳандозӣ гардид, барои иқтисодиёти СССР таъсири басо мусбат дошт. Дар ин ҷаласа Иосиф Сталин бо тантана иброз намуд, ки зиндагӣ дар СССР «хубтар» ва «хурсандиовартар» гардид.
14.11.1940. Дар пойтахти Олмон-шаҳри Берлин гуфтушунид байни СССР ва Олмон барои ҳамроҳ шудани СССР ба алянси сегона бе натиҷа анҷом ёфтанд. Гуфтушунидҳоро аз ҷониби СССР вазири корҳои хориҷии кишвар В.Молотов намояндагӣ мекард. Он шабу рӯз вазъият дар ҷаҳон тавре қарор дошт, ки ҳар лаҳза метавонист ҷанги навбатӣ доман бигирад. Гитлер дар 1 муддати кӯтоҳ Олмонро ба нерӯмандтарин кишвар дар Аврупо табдил дод ва фюрери олмонӣ, аз ҳамон оғози фаъолияти сиёсиаш «коммунизм» ва дар симои он СССРро душмани ашаддитарини худ эълон карда буд. СССР бошад то соли 1939 чандин бор ба кишварҳои Ғарбӣ, хусусан, ба Фаронсаву Англия пешниҳоди таъсисӣ 1 иттиҳодро алайҳи Олмон намуда буд, аммо ин кишварҳо бо баҳонаҳои мухталиф пешниҳоди СССРро рад мекарданд. Соли 1939 пеш аз ҳуҷум ба Полша, Гитлер шахсан ба Сталин муроҷиат кард ва пешниҳоди бастани созишномаро намуд ва СССР бо Олмон созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расониданд. Баъдан Сталин кӯшиш намуд бо Олмон созишномаи навро ба имзо расонад. Роҳбари СССР ният дошт, ки кишвари шӯроҳоро ба алянси сегонаи кишварҳои фашистӣ (Олмон, Итолиё ва Япония) ҳамроҳ гардонад ва дунёро бо онҳо тақсимбандӣ кунад, аммо Гитлер ба ин розӣ нашуд. Агар воқеан СССР бо ин кишварҳо ҳамроҳ мегардид, харитаи сиёсии имрӯзаи дунё, шояд комилан дигаргун буд.
14.11.1991. Дар Ново-Огарёво (наздикиҳои Маскав) сарони 7 ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ шартномаро дар мавриди таъсиси Иттиҳоди Ҷамоҳири Мустақил (ССГ) ба имзо расонида, иттиҳоди нави сиёсиро дар ҳудуди собиқ СССР ба миён оварданд. ССГ баъдан бо иттиҳоди нав СНГ ҷойгузин карда шуд. Имрӯз агар воқеан бо чашми инсоф ба ин СНГ назар кунем, шояд беадолаттарин иттиҳоди сиёсӣ дар дунё маҳсуб ёбад.
16.11.1920. Артиши Сурх шаҳри Керчро дар нимҷазираи Қрим гирифт. Қрим охирин нуқтаи муқовимати муташаккилонаи сафедҳо дар собиқ Русия буд. Барони сафед Врангел ин нимҷазираро ба истеҳкоми пуриқтидоре мубаддал карда буд ва ният дошт болшевиконро дар остонаҳои он боздорад. Аммо аскарони сурх дар тирамоҳи сард тавассути обҳои пасти Перекоп ба ақибгоҳи сафедҳо баромаданд ва ишғоли нимҷазира оғоз гардид. Керч охирин нуқтаи муқовимати сафедҳо дар нимҷазира буда, бо ишғоли он Қрим пурра ба тасарруфи болшевикон даромад.
16.11.1972. Ширкати маъруфи амрикоии «Пепси-Кола» бо СССР қарордоди дуҷонибаро ба имзо расонид ва ҳуқуқи фурӯхтани маҳсулоташро дар қаламрави СССР ба даст овард. Нӯшокии машҳури «Пепси-Кола» дар СССР ба фурӯш баромад. Ба ивази ин ширкати маъруф ҳуқуқи фурӯши арақи «Столичный»-ро дар ИМА соҳиб гардид.
М.Салимшо