ХАБАРИ ДОҒ

15.12.1917. Бо қарори Кумитаи Марказии Иҷроия ва ШКХ РСФСР дар Русияи шӯравӣ Шӯрои Олии хоҷагии халқ (ВСНХ) таъсис дода шуд. Ин ниҳод то соли 1932 фаъолият кард ва ба идораи хоҷагии халқи Русия (СССР) машғул буд.

 

15.12.1959. Дар СССР аввалин комплекси ҷангии ракетӣ сохта, ба истифода дода шуд. Мушакҳои комплексро Каралёв сохта буд ва онҳо қодир буданд, силоҳи атомиро ба масофаи 8000 км интиқол диҳанд. Акнун хоки ИМА барои СССР дастрас буд.

16.12.1939. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори ШКХ ташкилоти "Главкинопрокат" созмон дода шуд. Он бо паҳн кардан ва намоиш додани филмҳои синамоӣ дар қаламрави Иттиҳод, назорати техникӣ аз болои сифат ва нигаҳдории дурусти филмҳо машғул буд. "Главкипопрокат" дар СССР монополисти ягона дар ин соҳа маҳсуб мегардид.

17.12.1926. Дар СССР аввалин маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ роҳандозӣ шуд. Рӯйхатгирӣ 2 ҳафта дар деҳот ва 1 ҳафта дар шаҳр идома дошт. Тибқи он аҳолии шаҳрии СССР 26,3 млн нафарро (18% аҳолӣ) ташкил намуд. Фоизи аҳолии саводноки кишвар 56,6% буда, сафи бекорон зиёда аз 1 млн нафарро ташкил дод.

18.12.1940. Адолф Гитлер директиваи №21-нақшаи "Барбаросса"-ро ба имзо расонид. Имзои ин қарор барои Рейхи олмонӣ воқеан таърихӣ шуд ва ояндаи онро бар бод дод.

19.12.1924. Кумитаи Иҷроияи Марказии СССР бо Декрети худ Коммунаи меҳнатии немисҳоро дар Поволжие ба Ҷумҳурии Автономии Шӯравӣ табдил дод. Немисҳо низ аз баракати тақсимоти миллии болшевикон соҳиби кишвари дигар гаштанд. Ин ҷумҳурӣ то соли 1941 арзи вуҷуд дошт ва яке аз муваффақтаринҳо дар Иттиҳод маҳсуб меёфт. Аммо бо ҳуҷуми Гитлер ба СССР Иосиф Сталин онро барҳам дод.

20.12.1917. Дар РСФСР барои мубориза бо аксулинқилобчиён Комиссияи фавқулоддаи умумируссиягӣ (ВЧК) таъсис дода шуд. Ба хадамоти нав Феликс Дзержинский роҳбарӣ мекард. Феликси оҳанин муваффақ шуд, ки дар заминаи ВЧК яке аз беҳтарин хадамоти ҷосусии дунёро созмон диҳад.

20.12.1938. Ҳукумати Шӯравӣ дар қаламрави СССР дафтарчаҳои нави меҳнатиро ҷорӣ намуд. Доштани дафтарчаҳо маҷбурӣ набуд, аммо онҳое, ки чунин дафтарча надоштанд аз гирифтани карточкаҳои хӯрока маҳрум буданд. Дафтарчаҳо барои ҳар коргар баъди 5 рӯзи оғози кораш дода мешуданд. Барои дарёфти дафтарчаи меҳнатӣ ҳар нафар 50 тин пардохт мекард.

20.12.1939. Ба муносибати 60-солагии Иосиф Сталин ШКХ СССР мукофоти сталиниро ҷорӣ намуд. Бо ин мукофот сохтмончиёни фаъоли сохти коммунистӣ қадр мешуданд. Мукофот 3 дараҷа дошт. Дараҷаи аввал 100 000, дараҷаи дуввум 50.000 ва дараҷаи саюм 25.000 рубл мукофотпулӣ дошт. Ин маблағ он шабу рӯз дар СССР кам набуд. Барои мисол қимматтарини мошини шӯравӣ "Победа" 16.000 рубл нарх дошт. "Москвич 401"-ро бошад бо 9000 рубл харидан имкон дошт.

20.12.1991. Борис Елтсин бо қарори худ фаъолияти Бонки давлатии СССРро бекор кард ва тамоми дороиҳои ин бонк ба Бонки Марказии РСФСР гузаронида шуданд.

21.12.1991. Сарони 9 кишвари собиқ Иттиҳод, дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Алмаато эъломияи парокандашавии СССРро ба имзо расониданд. 1 абарқудрат дар дунё вафот кард.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter