5.01.1968. Дар Чехословакия Александр Дубчек сари қудрат омад. Ин кор заминасози асосии "Баҳори Прага" шуд, ки бо дахли Артиши Шӯравӣ ва артишҳои кишварҳои "Ташкилоти Паймони Варшава" (ба истиснои Руминия) поён дода шуд.
6.01.1928.Дар СССР аввалин парвози тайёраи У-2 (ПО-2) бобои "Кукурузник" ба вуқуъ пайваст. Дар РСФСР аз с.1919 самолёти асосии омӯзишӣ У-1 буд. У-1 дар асоси тайёраи ҷосусии англисии "Авро-504" ҳанӯз с.1913 ва У-2 дар оғоз барои истифода дар хоҷагии қишлоқ ва алоқа сохта шуда буд, лек замони ҶБВ ҳамчун бомбаандози ҷангӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар он бештар занҳо фаъолият мекарданд.
6.01.1937.Дар СССР ба рӯйхатгирии 2-умини умумииттиҳодии аҳолӣ гузаронида шуд. Тибқи он аҳолии аввалин кишвари Шӯроҳо 170 млн нафарро ташкил намуд.
6.01.1939. Дар Берлин олимони олмонӣ Отто Ган ва Фритс Штрассман аз кашфи тақсимоти ядроии уран зери таъсири нейтронҳоро хабар доданд. Немисҳо дар ҷаҳон аввалин шуда таҷзияи сунъии ядроии атомро ба амал оварданд. Рейхи 3 дар барои сохтани бомби атомӣ аз ҳама наздиктар буд. Апрели с.1939 Паул Хариек-профессори Донишгоҳи Гамбург ба ниҳодҳои олии ҳарбии Олмон номае фиристод, ки дар он гуфта мешуд, таҷзияи ядроии уран имкони ба даст овардани маводи таркандаи самаранокеро фароҳам кард. “Ҳар кишваре, ки битавонад аввалин шуда, дар амал дастовардҳои физикаи ядроиро касб кунад, бартарии мутлақро нисбат ба кишварҳои дигар ба даст меорад”, мегуфт дар мактуб.
7.01.1979.Нерӯҳои инқилобии Кампучия бо дастгирии Ветнам, пойтахти кишвар шаҳри Пномпенро озод карданд. Ишғоли он ба суқути низоми "Кхмерони сурх" бо сарварии Пол Пот - Иенг Сари нуқта гузошт. "Кхмерони сурх" (коммунистони аграрии Камбоҷа, ки аксарият аз миллати кхмер буданд) соли 1975 қудратро дар кишвар соҳиб шуда, яке аз хунинтарин низомҳоро дар таърихи башарият барпо карданд. Пол Пот ақида дошт, ки барои сохтмони "ояндаи дурахшон" Камбоҷа ба 1 млн. одамони вафодор ниёз дошт. Бо ин, ки кулли аҳолии Камбоҷа 7 млн. нафар буд, 6 млн. аҳолии зиёдатӣ бояд ба ҳар васила нест карда мешуд.
7.01.1980.Дар Ҳиндустон яке аз содиқтарин дӯстони СССР-Индира Гандӣ дубора сари қудрат омад ва сарвазири кишвар таъин шуд. Аммо давраи 2-уми ҳукумати ӯ бо ҷанг бо сикхҳо сар шуд ва ахир сикхҳо Гандиро баъди 4 сол (31.10.1984) тавассути муҳофизони шахсиаш ба қатл расониданд.
8.01.1918.Радаи регентии Полша ин кишварро соҳибистиқлол эълон кард. Полша низ танҳо ба шарофати болшевикон соҳиби истиқлолият шуд.
8.01.1980.Раиси Раёсати Шӯрои Олии СССР Л.Брежнев ва котиби Раёсат М.Георгадзе Фармони №100-и Раёсати ШО СССРро имзо карданд. Тибқи фармон академик Сахаров А.Д. аз тамоми мукофотҳои давлатии СССР маҳрум карда шуд. Падари бомбаи атомии СССР Қаҳрамони 3-каратаи Меҳнати Сотсиалистӣ буд, лек ӯро барои корҳое, ки шаъни қаҳрамони шӯравиро паст мезаданд, бо талаби сершумори ҷомеъаи шӯравӣ аз ҳамаи мукофотҳо маҳрум сохтанд. Худи ӯ аз ин фармон танҳо баъди 2 ҳафта огоҳ шуд.
9.01.1920.Баткаи украинӣ-Нестор Махно ба талаби фиристодани нерӯҳояш ба ҷанги зидди полякҳо ҷавоби рад дод ва болшевикон ӯро ғайриқонунӣ эълон карданд.
10.01.1920.Таъсиси Лигаи миллатҳо-ташкилоти байналмилалии кишварҳо (ҳоло СММ) аз оғоз ба вазоифи худ амал накард. Ба таъбири В.Ленин: "Лигаи миллатҳо-иттиҳод танҳо дар коғаз аст, дар амал бошад ин ташкилот 1 гурӯҳи ҳайвонҳои дарранда аст". Бо вуҷуди ин СССР с.1934 ба ин ташкилот шомил шуд, лек баъди 5 сол аз он хориҷ карда шуд. Лигаи миллатҳо низ бо ин фаъолияти худро қатъ кард.
М.Салимшо