30.12.1922.Анҷумани аввали умумииттиҳодии Шӯроҳо эъломияи таъсиси СССРро қабул кард.
31.12.1917.Шӯрои Комиссарони Халқ истиқлолияти давлатии Финляндияро ба расман эътироф кард. Финляндия яке аз музофотҳои собиқи Русия буд, ки баъди инқилоби болшевикӣ тавонист ба истиқлолияти миллӣ бирасад.
31.12.1919.РСФСР ва Эстония сулҳи мувақатии Тартуро ба имзо расониданд.
31.12.1939.Дар СССР канали калони Фарғона ба истифода дода шуд. Ин канал, ки номи Сталинро дошт, яке аз бузургтарин иншоотҳои гидротехникии СССР будӣ. Канал дар тӯли 1 сол канда шуда, аз ҳудуди 3 ҷумҳурӣ-РСС Ӯзбекистон, РСС Қирғизистон ва РСС Тоҷикистон мегузашт.
31.12.1993.Дар Русия гардиши пули 1, 3, 5 ва 10-сӯмаи шӯравӣ - истеҳсоли солҳои 1961-1992 манъ карда шуд. Русия пули миллии худро дар гардиш гузошт.
1.01.1919.Таъсиси РСС Белоруссия.
1.01.1934.Дар Ленинград Сергей Киров кушта шуд. Тибқи баъзе маълумотҳо куштори ӯро Сталин фармуда буд, то рақиби сарсахти худро аз роҳ бардорад.
1.01.1955.ТВи марказии СССР ба пахши ҳаррӯзаи барномаҳо оғоз кард.
1.01.1959.Пирӯзии инқилоби сотсиалистӣ дар Куба. Ҷанги партизании Фидел Кастро ахир президенти ин кишвар Фулхенсио Батистаро водор кард аз мансаб даст кашад ва ба Ҷумҳурии Доминикан фирор кунад.
1.10.1961.Ислоҳоти пулӣ дар СССР. Аввалин кишвари Шӯроҳо пули нави худро ба муомила баровард. Пулҳои кӯҳна ба ҳисоби 1:10 бо пулҳои нав иваз карда мешуданд. Бо пули нав 1 доллари ИМА дар СССР 62 суму 90 тин арзиш дошт.
1.01.1967.Дар ТВи марказии СССР барномаи хабарии "Время" ба намоиши худ сар кард. “Время” дигар то суқути СССР шаҳрвандони шӯравиро ҳамроҳӣ мекард.
1.01.1972.Дар Артиши Шӯравӣ рутбаи "прапоршик" таъсис дода шуд. Ин рутба бори нахуст дар артиши рус аз ҷониби подшоҳ Алексей Михайлович дар с.1649 ҷорӣ шуда буд. Он вақт бо ин ном байрақдоронро меномиданд ва прапоршикҳоро аз миёни ҷанговарони шуҷоъ ва дар ҷанг санҷидашуда, интихоб мекарданд. Лек болшевикон баъди расидан ба қудрат ин рутбаро бекор карда, танҳо соли 1972 он дубора барқарор шуд.
4.01.1940.Ҳукумати Шӯравӣ дар ҳудуди Белоруссияи ғарбӣ, ки ба РСС Белоруссия ҳамроҳ шуда буд, мамнуъгоҳи "Беловежская пуша"-ро таъсис дод. Баъди 51 сол маҳз дар ин мамнуъгоҳ Елтсин, Кравчук ва Шушкевич фотиҳаи СССРро хонданд.
4.01.1980.Президенти ИМА-Ҷиммӣ Картер "бойкоти" Бозиҳои олимпии Маскавро эълон кард. Сабаби ин амалкарди ӯ дахли низомии СССР ба Афғонистон шуд.
М.Салимшо