ХАБАРИ ДОҒ

3.02.1918. КМИ (Кумитаи Марказии Иҷроия) бо эъломияи худ тамоми қарзҳои хориҷӣ ва дохилии давлати собиқи Руссияро лағв кард. Дар маҷмӯъ ҳукумати Николайи II 60 миллиард рубл қарздор буд. (шарҳи бештар дар саҳ.4)

 

3.02.1966. Стансияи шӯравии "Моҳ-9" (Луна-9) аввалин шуда дар ҷаҳон ба сатҳи Моҳ фуруд омад.

3.02.1987. Дар СССР Юрий Михайлович Чурбанов-домоди Леонид Брежнев, собиқ ҷонишини аввали Вазири корҳои дохилаи кишвар бо ҷурми порагирӣ ба ҳабс гирифта шуд. Чурбанов яке аз одамони наздики Брежнев буд ва баъди сари қудрат омадани Юрий Андропов мебоист аз кор мерафт. Аммо 15.11.1982 Андропов Чурбановро ба наздаш даъват кард ва иброз намуд: "То ман зиндаам ту ва аҳли оилаатро касе кордор намешавад". Аммо омадани Горбачев ба сари қудрат муносибат бо Чурбанов тағйир ёфт. Тобистони соли 1985 Чурбановро аз вазифааш гирифтанд ва баъди 1 сол (1986) ба нафақа гусел намуданд. Горбачев ҳатто дастур дод, ки Чурбановро зери назорати қатъӣ гиранд ва баъд аз чанде (3.02.1987) ӯро бо ҷурми даст доштан дар фасодкории роҳбарияти Узбакистон ба ҳабс гирифтанд.

4.02.1935. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав, метро ба кор шурӯъ кард. Дар ин рӯз аввалин қатораи озмоишӣ тариқи роҳи нав убур намуд.

4.02.1974. Сарвари коммунистони Чин, Мао Дзе Дун оғози инқилобӣ-фарҳангиро дар кишвараш эълон намуд. Сабаби асосии "инқилоби фарҳангӣ"-ро муаррихон ихтилоф дар миёни коммунистони чинӣ медонанд. Сиёсати "ҷаҳиши бузург" Чинро ба натоиҷи дилхоҳ нарасонид ва қисмате аз роҳбарони Ҳизби коммунисти Чин бо сарварии Лю Шаотсӣ ба роҳи пешгирифтаи Мао шакк карданд. Лю соли 1959 ба вазифаи Раиси Ҳизби коммунист интихоб шуд ва сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Чин дигар шудан гирифт. Дар авохири соли 1965 вақте Мао ба бемории сахт мубтало ва бистарӣ шуд, Лю ҳамроҳи Ҷоу Энлай ва Ден Сяопин нишасти махфиеро анҷом доданд, ки муҳтавояш аз дидгоҳи таърихнигорон пинҳон мондааст, аммо Мао ин нишастро чун хиёнат талаққӣ кард ва сиёсати "инқилоби фарҳангӣ"-ро роҳандозӣ намуда, билохира мухолифини ҳизбиашро саркӯб кард.

5.02.1960. КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР ба қарори якҷояи худ, дар Маскав Донишгоҳи дӯстии халқҳо ба номи Патрис Лумумбаро таъсис доданд. Ин Донишгоҳ солҳои тӯлонӣ тарбиятгоҳи асосии коммунистони ҷавон, аз сар то сари дунё ба шумор мерафт.

7.02.1964. Рӯзномаи асосии шӯравӣ "Правда" аввалин бор дар СССР мақолаеро рӯи чоп овард, ки тибқи он дар пушти суиқасд ба ҷони Сергей Миронович Киров дар соли 1934 Иосиф Сталин меистод.

9.02.1953. Ашхоси номаълум ба сафоратхонаи Шӯравӣ дар Тел-Авив (Исроил) бомба партофтанд, ки дар натиҷа 3 корманди сафоратхона маҷрӯҳ гардиданд. Баъди ин амалиёти террористӣ муносибати дипломатӣ миёни СССР ва Исроил қатъ гардиданд.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter