ХАБАРИ ДОҒ

9.02.1918. Ҳукумати Ҷумҳурии халқии Украина дар Брест-Литовск бо иттиҳоди “Давлатҳои марказӣ” (Олмон, Австро-Венгрия, Туркия ва Булғория) созишномаи сулҳи ҷудогонаро ба имзо расонид. Ин иттиҳод истиқлолияти ҶХУро ба расмият шинохтанд.

 

Украина дар навбати худ ӯҳдадор шуд, ба ин кишварҳо хӯрока ва ашёи хом диҳад. Дар амал ҳукуматдорони ҶХУ мехостанд бо нерӯҳои немисӣ зидди Артиши Сурх мубориза баранд. Моҳҳои феврал-марти соли 1918 ин кор барояшон муяссар шуд ва сурхҳо мувақаттан аз хоки Украина берун карда шуданд.

 9.02.1931.Овозхони рус Федор Шаляпин, ки дар Фаронса гуреза буд, Бюрои Бонки тиҷоратии шӯравиро дар Париж барои пахши ғайриқонунии сурудҳояш дар СССР ба суд кашид. Дар натиҷа суди Фаронса Бонки СССРро муваззаф кард, ки ба ӯ 10.000 франк пардохт кунад.

9.02.1984.ГенСеки ҲКИШ Юрий Андропов аз олам даргузашт. Ӯ 1 сол қабл аз вафоташ дар якҷоягӣ бо Роналд Рейган (президенти ИМА) аз ҷониби маҷаллаи "Taim" "Одами сол" интихоб шуда буд. Он замон Андропов танҳо 15 моҳ дар раъси аввалин кишвари Шӯроҳо қарор дошт.

10.02.1917.ШКХ Декрет "Оид ба мубориза бо ҷиноятҳои зидди инқилобӣ дар матбуот"-ро қабул кард. Тибқи Декрет тамоми нашрияҳое, ки ба муқовимат ё итоат накардан бо ҳукумати Шӯроҳо даъват мекарданд, фавран баста мешуданд.

11.02.1940.СССР бо Олмон созишномаи тиҷоратӣ-иқтисодиро ба имзо расонид. Тибқи созишнома СССР ба Олмон ашёи хом ва хӯрока медод ва дар иваз аз немисҳо таҷҳизоти саноатӣ мегирифт. Баъди 1 соли имзои он ҳаҷми умумии содироти СССР ба Олмон аз 61,6млн рубл то 736,5. млн рубл боло рафт.

11.01.1948.Дар нишасти Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ Н.Хрушев ҳангоми баромади худ пешниҳод кард, ки бе риояи ҳеҷ мурофиа судӣ кулакҳо ва миллигароёни украиниро аз ҳудуди Украинаи Ғарбӣ ба Сибир ва дигар манотиқи СССР муҳоҷир кунанд. Пешниҳод ба ҳама маъқул шуд ва баъди чанде дар Украинаи Ғарбӣ ягон кулаку миллигаро намонд.

12.02.1941.Фармондеҳии "Вермахт" (артиши олмонӣ) тибқи нақшаи "Барбаросса" интиқоли оммавии нерӯҳояшро ба сарҳадоти ғарбии СССР оғоз намуд.

12.02.1918.ШКХ Декрет “Дар бораи таъсиси биржаҳои корӣ"-ро қабул кард. Биржаҳо ташкилотҳои давлатие буданд, ки дар бозори кор фаъолияти миёнаравӣ доштанд. Биржаҳо дар аввалин кишвари Шӯроҳо то авохири с.1930 фаъолият карданд. Соли 1931 СССР расман дигар шаҳрванди бекор надошт ва биржаҳо зарурияташонро аз даст доданд.

13.02.1921.Дар Маскав маросими дафни князи анархист ва олими рус Пётр Алексеевич Кропоткин барпо шуд. Дар ин рӯз болшевикон тамоми анархистонеро, ки дар пойтахт ҳабс буданд, танҳо бо ваъдаи лафзии дубора баргаштан, барои ширкат дар ин маросим аз зиндонҳои Маскав озод карданд. Пешвои анархистон дар қабристони Навадевичеи Маскав ба хок супорида шуд ва тамоми анархистони зиндонӣ баъди тамом шудани маросим бо шиори "Анархия-модари тартибот" дубора ба маҳбасҳо баргаштанд.

14.02.1918.Болшевикон бо қабули 1 декрет тамоми заминҳои Русияро моликияти давлатӣ эълон карданд.

14.02.1961.Намояндаи СССР дар нишасти навбатии СММ даъват намуд, ки Шӯрои Амнияти ин ниҳодро пароканда кунанд.

15.02.1957.Дар СССР Андрей Громико Вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд. Ӯ аз зумраи шахсонест, ки солҳои тӯлонӣ (28 сол) дар ин вазифа кор кард.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter