16.02.1919. Шӯрои хоҷагии халқи РСС Белорус бо қарори худ тамоми корхонаҳои истеҳсолиро дар қаламрави худ миллӣ эълон кард.
16.02.1938. Иосиф Сталин дастур дод, ки китоби Вера Смирнова "Зиндагиномаи Сталин барои кӯдакон"-ро оташ зананд. Ба андешаи Иосиф, Вера дар ин китоб ӯро шахспараст хондааст.
16.02.1957. Дар СССР медали "Барои наҷоти ғарқшудагон" таъсис дода шуд. Бо ин медал кормандони хадамоти наҷотбахш ва ашхоси оддӣ, ки барои наҷоти одамон дар об корнамоӣ нишон додаанд, мукофотонида мешуданд. Бори охир дар СССР 20.05.1991 ин медал супорида шуд.
16.02.1973. Дар СССР ивазкунии ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ ба вуқуъ пайваст. Билети ҳизбии №1-ро ба номи Владимир Илич Ленин бароварданд ва билети ҳизбии №2-ро Леонид Илич Брежнев соҳиб шуд.
17.02.1947. Радиои "Садои Амрико" пахши барномаҳои худро барои қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз намуд.
18.02.1932.Дар ҳудуди Манҷурия давлатӣ лухтакмонанди Манҷоу-Го таъсис дода шуд. Ин давлат дастнишондаи японҳо буд ва ба он императори собиқи Чин Пу И сарварӣ мекард. Манҷоу-Го истиқлолияти худро аз Чин эълон намуд ва сиёсати душманонаро зидди СССР пеш гирифт.
18.02.1945. Боронҳои тӯлонии баҳорӣ дар Олмон имкон намедод тайёраҳои ҷангии шӯравӣ дар саҳро нишинанд. Фурудгоҳҳои олмонӣ низ пурра аз кор бароварда шуданд. Дар ин шароит командири дивизия Александр Иванович Покришкин тайёраи худро ба роҳи мошингарди Бреслау-Берлин, ки 9 метр паҳноӣ дошт, фуруд меорад. Баъди ӯ ҳамаи 120 тайёраи дивизияаш низ болои роҳи мошингард мешинанд. Ин навъи фурудоӣ дар таърихи ҳавонавардӣ бори аввал амалӣ шуд.
19.02.1949. СССР бо ҳамроҳии РСС Украина ва РСС Белорус аз Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ берун омаданд. Намояндагони Шӯравӣ ин амалкарди худро ноӯҳдабароии ин ташкилот дар пешгирӣ ва табобати бемориҳо маънидод карданд.
19.02.1954.Раёсати Шӯрои Олии СССР бо 1 қарор вилояти Қримро аз ҳайати РСФСР ба ҳайати РСС Украина ворид намуд.
22.02.1921. ШКХ РСФСР бо Декрети худ дар назди Шӯрои меҳнат ва мудофиа Комиссияи Давлатии банақшагириро таъсис дод. Январи соли 1949 он ба Комиссияи давлатии банақшагирии Шӯрои Вазирони СССР (Госплан) тағйири ном кард.
23.02.1918. Баъди ҳуҷуми немисҳо ва гурехтани боқимондаҳои артиши подшоҳии рус аз майдони ҷанг сарвари ШКХ В.Ленин мардумро барои шомил шудан ба Артиши Сурх даъват намуд. Дар РСФСР ҳазорон ихтиёрӣ ба сафи Артиши навтаъсиси Сурх шомил шуданд. Ин рӯз дар СССР чун рӯзи Артиши Советӣ ва Флоти Баҳрии Ҳарбӣ ҷашн гирифта мешуд. Дар кишварҳои пасошӯрави низ онро чун рӯзи Артиши миллӣ ҷашн мегиранд.
М.Салимшо