2.03.1919. Дар Маскав Конгресси якуми Коминтерн (интернатсионали коммунистӣ) ифтитоҳ ёфт. Интернатсионали коммунистӣ марти соли 1919 аз ҷониби РКП(б) ва сарвари он В.Ленин таъсис дода шуд. Ташкилоти байналмилалии коммунистон аз с.1919 то с.1943 фаъолият кард ва мақсад дошт синфи коргари кишварҳои дигарро бо ҳам муттаҳид гардонад. Дар конфронси 1-уми Коминтерн 52 вакил аз 35 ҳизб ва гурӯҳи коммунистии 21 кишвари дунё ширкат варзиданд.
2.03.1946. Ба Василий Сталин рутбаи генерал-майёр дода шуд. Ӯ он шабу рӯз 24 сола буд.
2.03.1959. Дар СССР Дастаҳои ихтиёриёни халқӣ (ДНД) таъсис дода шуданд. Вазифаи асосии ДНД мубориза бо ҷинояткорӣ, кӯмак ба нерӯҳои сарҳадӣ дар ҳифзи сарҳад, пешгирии қоидавайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ ва баргузории чорабиниҳои тарбиятӣ миёни аҳорлӣ ба шумор мерафт. Аввалин ДНД барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ солҳои 1955-1957 дар як қатор корхонаҳои Ленинград таъсис дода шуданд. Дастаи аввалин аз 120 нафар ихтиёрӣ иборат ёфта, дар заводи Кирови Ленинград созмон дода шуд. Соли 1984 дар СССР 282 000 ДНД фаъолият мекард. Теъдоди умумии ихтиёриён бошад ба 13 млн мерасид ва ҳаррӯза 400 000 ихтиёрӣ ба навбатдорӣ мебаромад.
2.03.1969. Нерӯҳои чинӣ ҷазираи Даманскийро дар дарёи Уссурӣ ба тасарруф дароварданд. Ин амали онҳо ба ҷанги мусаллаҳона миёни Чин ва СССР оварда расонид. Нерӯҳои чинӣ дар оғоз ҷазираро ишғол карданд ва ҷанг то миёнаҳои моҳи март идома ёфт. 14 март дар вазъияти буҳронӣ фармондеҳи округи ҳарбии Шарқи Дур генерал-полковник О.Лосик бар хилофи дастури Бюрои сиёсӣ ба нерӯҳояш дастур дод, ҷазираро аз системаҳои реактивии "Град", ки он шабу рӯз 1 силоҳи махфии СССР маҳсуб мешуд, ҳадафи оташ қарор диҳанд. Оташи "Град"-ҳо бештари нерӯҳои чиниро дар ҷазира нобуд кард ва сарҳадчиёни шӯравӣ бе мушкил ҷазираро дубора пас гирифтанд.
4.03.1947.Дар СССР агрегати аввали Днепрогэс дубора ба кор сар кард. Ин ГЭС яке аз бузургтарин иншоотҳои барқистеҳсолкунандаи СССР будӣ. Ин иншооти бузург солҳои 1927-1932 дар зарфи 5 сол бунёд шуд, аммо немисҳо баъди ишғоли манотиқи ҷанубии Украина онро вайрон карданд. СССР бо вуҷуди доштани мушкилоти зиёди баъдиҷангӣ тавонист дар зарфи 2 сол агрегати аввали онро дубора ба кор андозад.
4.03.1990.Дар СССР аввалин интихоботи рақобатии вакилони мардумӣ доир шуд.
5.03.1946.Сарвазири Бритониё Уинстон Черчилл хатти тақсими Аврупоро "пардаи оҳанин" номид ва зидди СССР ҷанги сардро эълон кард.
5.03.1950.Сарфармондеҳи миллигароёни украинӣ-Роман Шухевич дар задухӯрд бо нерӯҳои шӯравӣ ба ҳалокат расид.
5.03.1953.Иосиф Сталин-котиби аввали РКП(б) аз дунё гузашт. Ӯ беш аз 30 сол ба аввалин кишвари Шӯроҳо сарварӣ кард ва СССРро ба яке аз абарқудратони ҷаҳон табдил дод.
6.03.1918.Ифтитоҳи Анҷумани VIII-и РСДРП(б). Дар ин Анҷуман Ҳизби сотсиал-демократи коргарии болшевикон (РСДРП(б)) ба Ҳизби коммунистии болшевикон (РКП(б)) тағйири ном кард.
6.03.1967.Духтари Сталин-Светлана Аллилуева аз сафорати ИМА дар Ҳиндустон тақозои паноҳгоҳи сиёсӣ кард.
М.Салимшо