ХАБАРИ ДОҒ


30.03.1934.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шаҳри Мурманск аввалин Олимпиадаи Қутбӣ барпо шуд. Дар Олимпиадаи қутбӣ мусобиқаҳои варзишӣ оид ба варзишҳои зимистона доир мешуданд.

Он бо Иди Шимол низ маъруф буд ва солҳои тӯлонӣ миёни варзишгарони чанд кишвар доир мешуд. Дар оғоз танҳо лижаронон бо ҳам сабқат карданд, ки теъдодашон 86 нафарро ташкил намуд.
30.03.1935.Дар СССР барои ғайриқонунӣ гирифта гаштани корд 5 соли ҳабс ҷорӣ карда шуд.
31.03.1954.СССР ба НАТО муроҷиат кард, ки ӯро низ ба ҳайати Созмон шомил кунанд. Мутаассифона, дар НАТО ба ин дархости СССР ҷавоби рад дода, собит карданд, ки он дар асл зидди СССР созмон дода шудааст.
31.03.1955.Ҳукумати Шӯравӣ қарор дод, ҷавоҳироти осорхонаи Дрезденро ба Олмон баргардонад. СССР ҷавоҳироти ин осорхонаро ба сифати товони ҷанг аз Олмон гирифта буд, аммо баъди 10 сол дубора ба соҳибонаш баргардонд.
31.03.1991.Дар машварати ғайринавбатии Кумитаи машваратии кишварҳои созмони Варшава, аъзои ташкилот қарор доданд сохторҳои ҳарбии Созмонро барҳам диҳанд. Ин кор мавҷудияти ояндаи Созмонро беҳуда кард ва баъди чанде аз Созмони Варшава ному нишоне боқӣ намонд.
1.04.1923.Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи "Огонёк" чоп шуд. Огонёк дар тамоми мавҷудияти нахустин кишвари Шӯроҳо аз маъруфияти хос бархурдор буд ва яке аз серхонандатарин маҷаллаҳои Иттиҳод маҳсуб мешуд.
1.04.1946.Дар вилояти Нижегародски Русия маркази атомии "Арзамас -16" таъсис дода шуд. Ин марказ ва шаҳраки "Арзамас-16" яке аз махфитарин иншоот дар СССР ба ҳисоб мерафт. Дар ҳоли ҳозир марказ ба Донишкадаи илмӣ-таҳқиқотии физикаи таҷрибавӣ тағйири ном кард.
1.04.1969.Анҷумани IX-и Ҳизби коммунисти Чин эълон кард, ки "инқилоби фарҳангӣ" дар ин кишвар ба поён расид. Сабаби асосии "инқилоби фарҳангӣ"-ро дар Чин бештари мутахассисин парокандагӣ дар суфуфи Ҳизби коммунисти ин кишвар медонанд. Мао Цедун с.1959 ба ҳайси Раиси ҳукумат Лю Шаоциро пешбарӣ кард. Аммо Лю ва дигар ходимони болоии ҳизбӣ аз сиёсати Мао розӣ набуданд. Дар авохири с.1965, вақте Мао мубталои беморие гашту аз роҳбарият муваққатан канор рафт, Лю, Чжоу Энлай ва Дэн Сяопин нишасти махфие доир карданд. Аммо Мао аз ин нишаст оғоҳ шуда, эҳсоси хатар намуд. Баъди солим шудан Мао зидди Лю ва тарафдоронаш "инқилоби фарҳангӣ"-ро роҳандозӣ кард. Лю баъди чанде аз вазифа барканор шуд ва билохира дар зиндон ҷон дод.
2.04.1868.Лаура Маркс-духтари Карл Маркс, бо яке аз фаъолони ҷунбиши байналмилалии коргарӣ-Пол Лафарг издивоҷ кард. Лаура ва Лафарг билохира соли 1911 ҳар 2 якбора худкушӣ карданд.
3.04.1922.Сталин ба вазифаи котиби генералии КМ РКП(б) интихоб шуд. Маҳз дар вазифа ӯ тавонист сиёсати кадрии ҳизбиро зери тасаллут гирад ва баъди чанде бештари аъзои ҳизб, хоса, дар маҳалҳо одамони бовариноки Сталин гардиданд.
4.04.1917.Ҳукумати Олмон нақшаи гузаштани роҳбарони муҳоҷирати сиёсии русро аз ҳудуди Олмон ба сафираш дар Шветсария ирсол кард. Худи ҳамон рӯз Ленин ва дигар роҳбарони мухолифини низоми шоҳӣ ба Русия шитофтанд. Ленин баъди омаданаш, дарҳол "Тезисҳои апрелӣ"-ро навишта, ҳаммаслаконашро даъват кард, ки давраи 2-уми инқилоб - инқилоби сотсиалистиро оғоз намоянд.
4.04.1949.Таъсиси Созмони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО).


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter