ХАБАРИ ДОҒ

Аз афви Берия то номаи Булгаков

  • Панҷшанбе, Апр 06 2017


23.03.1982. ГенСеки ҲКИШ Леонид Брежнев ҳангоми сафараш ба Узбекистон аз заводи тайёрабарории Тошканд дидан кард. Ҳангоми ин вохурӣ, коргарони зиёде барои дидани Брежнев болои чӯббандиҳои сохтмонӣ баромаданд ва яке аз ин чӯббандиҳо шикаста, ба болои Брежнев ва Шароф Рашидов, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, фурӯ рехт. Дар натиҷа чанбараи гардани Брежнев осеби ҷиддӣ дид.

24.03.1917.Ҳукумати муваққати Русия аз ҷониби Фаронса, Англия ва Итолиё ба расмият шинохта шуд.

25.03.1917.Ҳукумати муваққат дар Русия ҳукми қатлро бекор кард ва дар ин рӯз Сталин ва Лев Каменев аз бадарғаи Сибир ба Петроград омаданд.
25.03.1918.Намояндагони ҳизбҳои миллии Белорусия таъсиси Ҷумҳурии Халқии Белорусро эълон намуданд. Талаби асосии ин кишвари кӯтоҳумр истиқлол аз Русияи Шӯравӣ буд.
25.03.1941.СССР пули миллии Литва литро бо рубли шӯравӣ иваз кард.
26.03.1940. Сталин аз дидор бо Гитлер барои гуфтушунид дар масоили сарҳадоти Полша сарфи назар кард. Дар натиҷа Вячеслав Молотов роҳбарии ҳайати Шӯравиро дар ин гуфтушунид ба ӯҳда гирифт.
26.03.1941.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ мукофоти Сталинӣ таъсис дода шуд. Ин иқдом дар арафаи 60-солагии доҳӣ роҳандозӣ гардид ва мукофот барои дастовардҳо дар соҳаи илму техник, дониши ҳарбӣ, адабиёт ва санъат ва такмил додани кори истеҳсолӣ ба шаҳрвандони шӯравӣ супорида мешуд. Ҳаҷми мукофоти Сталинӣ 100.000 рублро ташкил медод. Аз ҳама бештар бо ин мукофот тайёрасози шӯравӣ С.Илюшин мукофотонида шуд. Ӯ 7 мукофотро ба даст овард. Режиссёрони шӯравӣ И.Пиреев ва Ю.Ройзман, бозингари кино Н.Охлопков, шоир К.Симонов, оҳангсоз С.Прокофев, овозхон Н.Боголюбов ва тайёрасозон А.Яковлев, А.Микоян ва М.Гуревич дорандаи 6 каратаи мукофоти Сталинӣ буданд.
26.03.1953.Лаврентий Берия ба Раёсати КМ лоиҳаи авфи зиндониёро пешниҳод намуд. Тибқи ин лоиҳа нисфи зиндониёни шӯравӣ бояд фавран озод мегардиданд. Раёсати КМ рӯзи дигар ин лоиҳаро ба тасвиб расонид.
26.03.1960. Дар ҷаҳони футбол мусобиқаи нав-Ҷоми ҷомдорони кишварҳои Аврупоӣ (Кубок Кубков) таъсис дода шуд. Ногуфта намонад, ки дастаҳои футболи СССР низ дар ин мусобиқа ширкат меварзиданд ва соли 1972 Динамои Маскав, соли 1981 Динамои Тбилисӣ ва солҳои 1975 ва 1986 Динамои Киев дорандаи Ҷоми ҷомдорони кишварҳои аврупоӣ буданд. Аввалин барандаи мусобиқа бошад, дар соли 1961 дастаи "Фиорентина"-и Итолиё буд.
26.03.1976.Президенти Миср Анвар Содот вуруди киштиҳои шӯравиро ба бандарҳои Миср манъ кард. Содот бо сиёсати зиддишӯравии худ маъруф буд ва ҳамаҷониба мехост кишварашро бо ИМА наздик гардонад. Вай ҳатто барои ин кор 26.03.1979 аввалин шуда, бо Исроил созишномаи сулҳро ба имзо расонид.
27.03.1968.Ҳангоми гузаронидани парвози тамринӣ, дар натиҷаи садамаи ҳавоӣ аввалин кайҳоннаварди Шӯравӣ-Юрий Алексеевич Гагарин ба ҳалокат расид.
28.03.1930.Нависандаи маъруфи рус Михаил Булгаков ба ҳукумати СССР номае ирсол кард, ки дар он омада буд: "Ман ба инсонпарварии ҳукумати шӯроҳо муроҷиат мекунам ва илтимос дорам, нависандаеро, ки ҳеҷ фоидае дар ватани худ надорад, олиҳимматона ба озодӣ раҳо кунед". Лек мактуби ӯ бе ҷавоб монд.
28.03.1956. Дар рӯзномаи Правда мақолаи "Чаро шахсиятпарастӣ бо руҳи марксизм-ленинизм созгор нест?" рӯи чоп омад. Ин мақола аввалин танқиди Сталин дар матбуоти шӯравӣ ба шумор меравад.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter