16.03.1921.Артиши Сурх амалиёт барои тасарруфи Кронштадтро оғоз кард.
16.03.1921.Ҳукумати РСФСР созишномаи тиҷоратиро ба Англия ва созишномаи дӯстиро бо Туркия ба имзо расонид.
16.03.1937.Дар ВКД СССР шӯъбаи мубориза бо дуздии моликияти сотсиалистӣ (ОБХСС) таъсис дода шуд. ОБХСС бо кормандони озмудаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ таъмин шуда буд ва мебоист ҷиноятҳои иқтисодиро дар ташкилотҳо ва муассисаҳои савдо, кооператсияи матлуботӣ, инфиродӣ ва кассаҳои амонатӣ ошкор мекард ва бо савдои ғайриқонунӣ мубориза мебурд.
17.03.1937.Дар СССР системаи паспортии нав рӯи кор омад, ки ба он деҳқонон шомил намешуд. Ҳукумати Шӯравӣ бо қабули қонуни нав, деҳқононро аз рафтуомади озод маҳрум сохт. Колхозчиён мебоист танҳо дар ҳудуди колхози худ зиндагӣ мекарданд ва қариб бе пул ба давлат озуқаворӣ омода мекарданд. Ин қонуни бе адолат то миёнаҳои солҳои 1970 дар СССР ҷорӣ буд ва танҳо дар нимаи 2-уми даҳаи 70 деҳқонони шӯравӣ соҳиби шиноснома гардиданд.
17.03.1940.Дар Маскав аввалин озмоиши тонки машҳури Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ Т-34 доир шуд. Т-34 дар заводи тракторбарории Харков аз ҷониби Михаил Кошкин сохта шуд ва дар рафти тамоми ҷанг бар тонкҳои дигар бартарӣ дошт. Хадамоти ҷосусии олмонии Абвер дар оғози ҳамлаи Гитлер ба СССР аз мавҷудияти тонкҳои нави шӯравӣ ғофил монд ва немисҳо танҳо баъд ин иштибоҳи худро пай бурданд.
17.03.1991.Дар СССР Раъйпурсии умумииттиҳодӣ доир шуд. Раъйпурсӣ мебоист тақдири ояндаи СССРро муайян мекард ва дар он аз 4/3 ҳиссаи аҳолӣ барои бақои аввалин кишвари Шӯроҳо овоз доданд.
18.03.1918.Бо қарори Шӯрои Кумитаи Фавқулоддаи Умумируссиягӣ (ВЧК) дар вилоятҳо ва ноҳияҳои Русияи Шӯравӣ Кумитаҳои фавқулодда таъсис дода шуданд ва тамоми қисмҳои низомии дар ихтиёри Чека буда, дар Дастаи ҷангии ВЧК муттаҳид гардиданд.
18.03.1918.Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) бо қарори махсуси худ мавзеъи "Ясная Поляна"-ро осорхона эълон кард ва хонаи нависандаи маъруф Лев Толстойро ба бародараш Сергей Толстой барои истифодаи якумрӣ ато карда шуд.
18.03.1918.Бо қарори ШКХ тамоми рӯзномаҳои буржуазии Маскав баста шуда, муҳаррирони рӯзномаҳо ба мурофиаи инқилобӣ кашида шуданд.
18.03.1921.Дар Рига, РСФСР ва РСС Украина дар якҷоягӣ созишномаи сулҳро бо Ҷумҳурии Полша (Лаҳистон) ба имзо расониданд. Ин созишнома марзи давлатиро миёни РСФСР, РСС Украина ва Полшаро муаян кард. Тибқи он Украинаи Ғарбӣ ва Белоруссияи Ғарбӣ ба ҳайати Полша дохил шуданд.
18.03.1937.Сарвари НКВД Ежов дар вохӯриаш бо афсарони НКВД, роҳбари пешинаи худ Ягодаро ҷосуси собиқи пулиси подшоҳӣ эълон кард.
18.03.1980. ИМА фурӯши технологияҳои муосирро ба СССР мамнӯъ кард.
19.03.1922.Владимир Ленин ба Бюрои сиёсӣ мактуби махфӣ ирсол кард ва дар он аз ҳаммаслаконаш хост, муборизаи ҷиддиро бо рӯҳоният оғоз намоянд ва ҳатто аз паррондани рӯҳониҳо низ рӯ натобанд.
20.03.1933.КМ ВКП(б) қарорро "Оид ба сохтмони метрополитени Маскав" ба имзо расонид. Метрои Маскав яке аз зеботарин ва бузургтарин метроҳои дунё ба шумор меравад ва сохтмончиёни шӯравӣ онро дар муддати кӯтоҳ (аввалин хатти метро соли 1932 ифтитоҳ гардид) ба истифода доданд.
20.03.1941.Сарвари хадамоти ҷосусии ҳарбии СССР (ГРУ) генерал Ф.Голиков Сталинро бовар кунонд, ки Гитлер то замоне, ки Англияро торумор накунад ба СССР ҳамла намекунад.
21.03.1921.Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Гурҷистон.
М.Салимшо