ХАБАРИ ДОҒ


14.04.1978.Дар пойтахти РСС Гурҷистон-шаҳри Тифлис роҳпаймоии оммавии мардумӣ доир гардид. Иштирокчиёни роҳпаймоӣ талаб доштанд, ки забони гурҷӣ ба ҳайси забони расмии кишвар шинохта шавад.

15.04.1919.Таъсиси ҷумҳурии Лимерики Шӯравӣ. Ин ҷумҳурии худтаъсис дар ҳудуди графигарии Лимерик, воқеъ дар ҷанубу ғарби Ирландия таъсис ёфт ва ҳамаги 13 рӯз мавҷудият кард.
16.04.1945.Оғози амалиёти Берлин дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Ин яке аз бузургтарин амалиётҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум ба шумор меравад. (шарҳи бештари он дар саҳ 4).
16.04.1945.Киштии зериобии шӯравии Л-3 дар баҳри Балтик, киштии боркаши немисии Гойяро ғарқ кард. Киштии немисҳо аз Пруссияи Шарқӣ шаҳрвандони оддӣ ва низомиёни маҷрӯҳро ба Олмон интиқол медод. Дар натиҷаи ин ҳамла наздики 7000 одам ба ҳалокат расид ва ин бузургтарин садамаи баҳрӣ дар рафти ҷанги ҷаҳонии 2 ба шумор меравад.
17.04.1923.Анҷумани XII РКП(б) ба кори худ шуруъ кард. Ин аввалин Анҷумани ҳизби болшевикӣ буд, ки дар он Ленин бо сабаби бемориаш ширкат наварзид. Дар кори Анҷуман 875 вакил ширкат варзиданд, ки 458 нафарашон овози ҳалкунанда ва 417 нафари дигар овози машваратӣ доштанд. Анҷумани ХII инчунин яке аз тӯлонитарин анҷуманҳои ҳизбӣ ба шумор меравад ва кори он 8 рӯз, то 25 апрел идома ёфт.
17.04.1968. Дар телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи "Дар олами ҳайвонот" (В мире животных) ифтитоҳ гардид. Он яке аз дӯстдоштатарин ва маъруфтарин барномаҳои телевизионии аввалин кишвари Шӯроҳо буд.
18.04.1923. Дар СССР бо ташаббуси Феликс Эдмундович Дзержинский ҷамъияти варзишии "Динамо" таъсис дода шуд. Дар Динамо бештар кормандони милиса ва чекистон шомил буданд.
19.04.1970. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин автомашинаи сабукрави ВАЗ-2101 бароварда шуд. ВАЗ-2101 аввалин мошини сабукрави оммавии шӯравӣ ва бо номи Жигули маъруф гардид. Жигули дар асоси мошини итолиёии Fiat-124 сохта шуд ва соли 1972 барои сохтани он, корхонаи мошинбарории Волга соҳиби ҷоизаи байналмилалии "Меркурии тиллоӣ" гардид.
20.04.1933. Дар СССР нашриёти "Гвардияи ҷавон" бо ташаббуси Максим Горкий ба нашри силсилаи китобҳо таҳти унвони "Зиндагии одамони бузург" (“Жизнь замечательных людей”) оғоз кард. Аввалин китоби ин силсила, асари Александр Дейч "Генрих Гейне" гардид.
20.04.1941. Заминларза дар водии дарёи Сурхоби Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон. Маркази заминларза шаҳраки Ғарми водии Рашт буд ва нерӯи он 8-9 баллро ташкил медод. Заминларза ҳудуди навоҳии Ҳоит, Ҷиргатол, Ғарм ва Қалъаи Лаби обро дар бар гирифт. Дар натиҷаи он зиёда аз 60 маҳал осеби ҷиддӣ диданд ва наздики 700 нафар ба ҳалокат расида, 230 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Заминларза инчунин 2600 сар чорворо низ ба коми худ фурӯ бурд.
21.04.1921. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Арманистон.
21.04.1951. Дар СССР Кумитаи миллии олимпӣ таъсис дода шуд.
21.04.1954. СССР ба ЮНЕСКО шомил гардид.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter