22.04.1870. Дар ин рӯз Владимир Ленин (Улянов) барпокунандаи ҳизби болшевикӣ ва яке аз ташкилкунандагон ва роҳбарони инқилоби Октябрӣ дар соли 1917 ба дунё омад.
22.04.1913. Дар Петербург нашри рӯзномаи "Правда"-органи нашриётии РСДРП ба роҳ монда шуд.
22.04.1918. Дар Русияи шӯравӣ бо Декрети КМИ таълими умумии ҳарбӣ барои меҳнаткашон ҷорӣ карда шуд.
22.04.1918. Таъсиси Ҷумҳурии Демократии Федеративии Закавказ. Ин давлати нав бо талаби туркон аз ҷониби намояндагони гурҷӣ ва озарӣ таъсис дода шуд ва худро аз Русия ҷудо эълон кард. Ба кишвари нав меншевики гурҷӣ Чхенкелӣ сарварӣ мекард ва пойтахти он шаҳри Тифлис гардид. ҶДФЗ 1 моҳ арзи вуҷуд намуд ва 26.05.1918 боз ҳам бо талабӣ туркон пароканда гардид.
22.04.1975. Дар СССР сохтмони роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) оғоз гардид. Роҳи оҳани БАМ яке аз бузургтарин хатти роҳи оҳан дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, дарозии он 4287 километрро ташкил медиҳад. Хатти роҳи оҳани БАМ дар манотиқи душворгузари кӯҳӣ бунёд гардид ва дар тӯли худ аз 11 дарёи бузург убур мекунад.
23.04.1918. Дар Русияи шӯравӣ ШКХ декрет "Оид ба милликунонии савдои берунӣ"-ро ба имзо расонид. Акнун дар аввалин кишвари Шӯроҳо танҳо давлат ҳаққи тиҷорат бо кишварҳои дигарро доро гардид.
23.04.1929. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав конфронси XVI-и ВКП(б) ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин конфронс нақшаи 5-солаи якум ба тасвиб расид.
23.041932. Дар СССР бо қарори КМ ВКП(б) тамоми ташкилотҳои нависандагӣ пароканда карда шуданд ва дар ҷои онҳо ташкилоти ягона Иттиҳоди нависандагони шӯравӣ таъсис дода шуд.
23.04.1967. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ киштии кайҳонии "Союз-1" ба фазо баромад. Союз-1-ро кайҳоннавард Владимир Комаров идора мекард. Аммо ҳангоми бозгашт ба Замин дар натиҷаи садамаи киштӣ Комаров ба ҳалокат расид.
23.04.1985. Дар Маскав Пленуми апрелии КМ ҲКИШ доир гардид ва дар он Михаил Сергеевич Горбачев тасмим гирифт, ки бозсозиро дар аввалин кишвари Шӯроҳо пиёда кунад.
25.04.1966.Дар Тошканд-пойтахти РСС Узбакистон заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваст. Қувваи заминларза 7,5 баллро ташкил дод ва хисорати ҷониву молии зиёде ба бор овард.
26.04.1920.Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм.
26.04.1966. Дар Ватикон папаи Рим-Павели VI бо вазири корҳои хориҷии СССР Андрей Громико дидор намуд.
26.04.1978. Ғалабаи инқилоби апрелӣ (Инқилоби савр) дар Афғонистон.
М.Салимшо