ХАБАРИ ДОҒ

Нестор Махно ва Съезди бехудоён

  • Панҷшанбе, Июн 08 2017


8.06.1918.Дар Маскав таҳти роҳбарии Феликс Дзержинский аввалин Конфронси умумирусиягии Комиссияҳои фавқулодда (ЧК) ба кор сар кард.

ВЧК РСФСР мақомоти "диктатураи пролетариат" оид ба ҳифзи амнияти давлатии РСФСР буд ва олоти асосии амалисозии террори сурх ба шумор мерафт. Ин ниҳод моҳи декабри с.1922 барҳам дода шуд ва ваколатҳояш ба зиммаи Раёсати Асосии Сиёсӣ (ГПУ) дар НКВД вогузор шуданд.

8.06.1919.Ҳукумати Шӯравӣ Нестор Махно-анархисти маъруфи украиниро душмани ҳокимияти шӯроҳо эълон намуд. Ӯ дар оғоз аз инқилоби болшевикӣ ҷонибдорӣ кард ва моҳи июли с.1918 ҳатто бо Ленин дидор намуд. Ӯ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сарфармондеҳи Артиши коргари деҳқонии Шӯравии ноҳияи Екатеринослав буд ва дар маҳв сохтани сафедҳо дар Украина нақши бориз гузошт. Лек баъд болшевикон аз ӯ рӯ гардонда, душманаш эълон карданд.
8.06.1922.Дар шаҳри Маскав мурофиаи судии парвандаи эссерони рост оғоз шуд. Ҳизби эссерон яке аз ҳизбҳои бонуфузи Русия ба шумор мерафт ва дар зиндагии сиёсии кишвар фаъолона ширкат дошт. Бештари эссерон ғасби қудратро аз тарафи болшевикон напазируфтанд ва Анҷумани II-и Шӯроҳоро тарк карданд ва танҳо иддае каме аз ин ҳизб бо болшевикон ҳамкорӣ карданд. Эссерони мухолиф эссерони рост ном гирифтанд ва душмани сарсахти болшевикон будандӣ.
8.06.1958.Дастаи яккачини футболи СССР бозии аввалини худро дар Чемпионати ҷаҳонии футбол барпо кард. Чемпионат дар Шветсия доир шуд ва футболбозони СССР бо дастаи яккачини Англия вохӯрданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
10.06.1920.КИМ дастуруламали "Милисаи коргарӣ-деҳқонӣ"-ро ба тасвиб расонид. Тибқи дастуруламали нав милисаи шӯравӣ чун "қисмҳои мусаллаҳи таъиноти махсус" муайян шуданд.
10.06.1930.Дар СССР бо қарори Шӯрои меҳнат ва мудофиа сохтмони канали бузурги Беломоро-Балтик оғоз ёфт. Он яке аз бузургтарин сохтмонҳои СССР маҳсуб меёфт ва дар сохтмони он 120.000 зиндонии шӯравӣ ширкат варзиданд. Сохтмони канал с.1933 ба поён расид.
11.06.1918.Ҳаракати миллигарои қазоқии "Алаш" тамоми декретҳои ҳукумати Шӯравиро дар қаламрави Қазоқистон ғайриқонунӣ эълон кард. Алаш ҳизби миллигароёни қазоқӣ ба ҳизби кадетҳо наздик буд. Ба ҳизб Алихон Букейхонов сарварӣ мекард.
11.06.1937.Дар Маскав мурофиаи пӯшидаи фармондеҳони олирутбаи Артиши Сурх доир шуд. Дар он маршалҳои сурх-М.Тухачевский, И.Якир ва И.Убаревич ҷосуси олмонӣ эълон ва шаби 12 июн парронда шуданд.
11.06.1929.Дар Маскав 2-умин Анҷумани умумииттиҳодии бехудоён ифтитоҳ ёфт. Дар пайдоиши Иттиҳоди бехудоён дар СССР нақши асосиро рӯзномаи "Бехудо" бозӣ кард. Он с.1922 рӯи чоп омада, дар муддати кӯтоҳ мухлиси зиёд пайдо кард ва с.1924 дар Маскав Ҷамъияти дӯстони рӯзнома созмон дода шуд. Дар кори Анҷуман 1200 вакил аз гӯшаву канори гуногуни СССР ширкат варзиданд.
12.06.1990.Анҷумани вакилони мардумии РССР Декларатсияи соҳибистиқлолии давлатии Русияро қабул кард. Ин рӯз ҳамасола дар Русия чун Рӯзи истиқлол ҷашн гирифта мешавад.
12.06.1991.Сокинони Ленинград дар рафти референдум хоҳони тағйир додани номи шаҳрашон шуданд. Ба он номи пешинааш-Санкт-Петербургро доданд.
14.06.1969. Дар СССР бо сабаби хушксолии сахт дар хоҷагии қишлоқ вазъи фавқулодда эълон ва аз аҳолӣ даъват карда шуд, ки дар наҷоти ҳосили боқимонда талош кунанд.
14.06.1995.Дастаи ҷангиёни чечен бо сарварии Шамил Басаев шаҳри Буденовски Русия (дар вилояти Ставропол)-ро тасарруф кард. Ҷангиён зиёда аз 1600 сокини Буденовскро гаравгон гирифтанд.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter