ХАБАРИ ДОҒ

Аз барканории Молотов то ҳабси Николай

  • Панҷшанбе, Июн 01 2017


2.06.1917. Дар пойтахти Гурҷистон-Тифлис князи бузург Николай (амаки подшоҳи Николайи 2) ба ҳабс гирифта шуд. Ҳукумати муваққат Николайро барои исён алайҳи ҳукумат айбдор мекард.

2.06.1924. Дар СССР баъди марги Ленин ҳайъати нави Бюрои сиёсӣ интихоб карда шуд. Акнун ба ин ниҳоди асосии кишвар Бухарин, Зиновев, Каменев, Риков, Сталин, Томский ва Тротский шомил гардиданд.
2.06.1944. Бо фармони Сталин мардуми булғоритабор, юнонитабор ва арманиҳо аз ҳудуди Қрим депортатсия шуданд.
2.06.1955. Дар СССР майдончаи кайҳони (космодром)-и Байконур таъсис дода шуд. Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи СССР сохтори космодроми ояндаро муайян кард.
2.06.1955. СССР бо Югославия муносибатҳои дипломатиашро барқарор кард. Робитаи дипломатии ин 2 кишвари сотсиалистӣ с.1948 баъди чап гаштани Иосиф Сталин бо Броз Тито канда шуданд ва танҳо баъди марги Сталин дубора барқарор гардиданд.
2.006.1956. Вячеслав Молотов аз вазифаи Вазири корҳои хориҷии СССР барканор карда шуд.
3.06.1917.Дар Петроград Анҷумани 1-и Шӯроҳо ба кори худ шурӯъ кард. Анҷумани аввалини Шӯроҳо аз 3 июн то 24 июн фаъолият кард ва яке аз тӯлонитарин Съездҳои сиёсии Русия маҳсуб меёбад. Дар ин Анҷуман меншевикон ва эссерон, ки аксарияти овозҳоро соҳиб буданд, пешниҳоди болшевикон оид ба қатъи ҷанг ва додани ҳукумат ба Шӯроҳоро рад намуданд. Бо вуҷуди ин роҳбари болшевикон Ленин дар Анҷуман аз мавҷудияти ҳизби худ дарак дод. Вақте раиси Шӯрои Петроград меншевик Церетели гуфт, ки "дар айни ҳол дар Русия ҳеҷ ҳизби сиёсие нест, ки бигӯяд қудрати сиёсиро ба мо супоред ва канор равед. Мо кишварро обод мекунем. Ин гуна ҳизб дар Русия вуҷуд надорад" Ленин аз ҷо истода фарёд зад: "Ин гуна ҳизб вуҷуд дорад, РСДРП(б)!" Меншевикон ва эссерон бошанд он замон суханони доҳиро ба мазоқ гирифтанд.
4.06.1922.Дар Маскав мурофиаи судӣ аз болои 34 роҳбари ҳизби эссерон оғоз шуд. Он аввалин мурофиаи бузурги сиёсӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо маҳсуб меёбад.
4.06.1937.Матбуоти шӯравӣ сарвари Раёсати сиёсии Артиши Сурх Я.Гамарникро, ки чанде қабл худкушӣ карда буд, расман ҷосуси Олмон муаррифӣ кард.
4.06.1989. Дар истгоҳи муваққатӣ байни стансияҳои Аша ва Улу-ляк (воқеъ дар ноҳияи Иглини Бошқирдистон) садамаи нақлиётӣ сар зад. Ҳангоми гузаштани 2 қатораи мусофирбар (Адлер-Новосибирск ва Новосибирск-Адлер) дар хатти лӯлаи газии "Сибир-Урал-Поволжие", ки аз назди роҳи оҳан мегузашт, таркиши газ иттифоқ уфтод. Он яке аз бузургтарин садамаҳои роҳи оҳани дар таърихи СССР маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи он 575 тан мусофир, ки 181 нафарашонро кӯдакон ташкил медонад, ба ҳалокат расиданд.
5.06.1929. Дар СССР бо қарори Шӯрои Меҳнат ва Мудофиа (СТО) стансияҳои мошинӣ-тракторӣ (МТС) ташкил карда шуданд. Дере нагузашта чунин стансияҳо ҳатто дар дуртарин нуқоти СССР ифтитоҳ гардиданд.
5.06.1945.Сарлашкарони кишварҳои иттифоқчӣ Жуков (СССР), Эйзенхауер (ИМА), Монтгомери (Англия) ва Тассини (Фаронса) дар Берлин Декларатсияи торумор шудани Олмонро ба имзо расониданд. Тибқи ин Декларатсия ҳукумати олӣ дар Олмон ба дасти намояндагони ин 4 кишвар гузашт ва ш.Берлин низ миёнашон тақсимбандӣ гардид.
6.06.1944. Ифтитоҳи фронти 2 дар Аврупо. Англисҳо ва амрикоиҳо дар ин рӯз ба соҳилҳои Нормандия дар Фаронса фуруд омаданд ва фронти навро зидди Олмон роҳандозӣ намуданд.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter