29.06.1973. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Нерӯгоҳи Атомии (АЭС) Колск ба кор дароварда шуд. Нерӯгоҳи атомии Колск аввалин нерӯгоҳи атомӣ дар он тарафи доираи қутби Шимолӣ гардид.
30.06.1941. Дар корхонаи Воронеж ба номи Коминтерн 2 адад партобкунандаи ҷангии БМ-13 ҷамъоварӣ гардиданд. Ин партобкунандаҳо, ки миёни мардум бо "Катюша" шуҳрат пайдо карданд, навтарин силоҳи ҶБВ ба шумор мерафтанд ва ҳангоми истифода дар дили аскарони немис ваҳшат эҷод карда буданд.
30.06.1956. Дар рӯзномаҳои СССР қарори КМ ҲКИШ "Оид ба бартарафкунии шахсиятпарастӣ ва оқибатҳои он" нашр гардид. Акнун ҳамаи кишвари Шӯроҳо аз шахсиятпарастии Муллои гурҷӣ огоҳ шуданд.
30.06.1991. Дар пойтахти Қрим шаҳри Симферопол маҷлиси миллии тоторони Қрим соҳибистиқлолии тоторҳои Қримро эълон карда, парчам ва суруди миллиро тасдиқ кард. Маҷлиси тоторҳо аз дигар шаҳрвандони Қрим даъват кард то ба онҳо ҳамроҳ гарданд ва дар якҷоягӣ Қрими нав бисозанд.
1.07.1918. Ҳукумати навтаъсиси болшевикӣ корпартоиро мамнӯъ ва корпартоёнро душманони мардуми заҳматкаш эълон намуд.
1.07.1921. Дар шаҳри Шанхайи Чин аз ҷониби 13 вакил Ҳизби коммунисти Чин таъсис дода шуд. Ин ҳизби кӯчак рафта-рафта ба яке аз нерӯҳои сиёсии бонуфузи ин кишвар табдил ёфт ва дар нимаи 2-уми с.1940 қудрати сиёсиро дар Чин соҳиб шуд ва то кунун бар ин кишвар ҳукумат мекунад.
1.07.1944. Оғози конфронси Бреттон-Вудс, дар рафти ҶБВ. Дар конфронс 730 вакил аз 44 кишвари иттиҳоди зиддигитлерӣ ширкат варзиданд. Конфронс аз 1 то 22.07.1944 идома дошт. Мақсади асосии конфронс ба танзим даровардани муносибатҳои молиявӣ баъди анҷоми ҷанг буд. Конфронсро вазири молияи ИМА Генро Могертау роҳбарӣ мекард. Ба ҳайъати СССР ҷонишини вазири савдои хориҷӣ М.Степанов сарварӣ мекард ва ҳайъати Чинро бошад Чан Кайшӣ намояндагӣ дошт. Дар ин конфронс Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии пул созмон дода шуданд. Аммо ҳукумати СССР баъди чанде эълон кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар кори ин ниҳодҳо ширкат намекунад.
2.07.1990. Дар СССР Анҷумани XХVIII ҲКИШ ба кори худ шуруъ кард. Он охирин анҷуман дар таърихи Ҳизби коммунист гардид.
3.07.1936. Дар СССР Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) таъсис дода шуд.
3.07.1940. Бессарабия ва Буковинаи шимолӣ ба ҳайъати СССР шомил шуданд ва дар Иттиҳод ҷумҳурии 15-ум РСС Молдавия арзи вуҷуд намуд.
5.07.1943.Оғози муҳорибаи Курск дар рафти ҶБВ.
М.Салимшо