6.07.1918. Шӯриши эссерони чап дар Маскав. Эссерони чап ягона ҳизби чапгаро буданд, ки баъди пирузии Инқилоби Октябр ҳукуматро бо болшевикон тақсим карданд. Аммо баъди чанде эссерони чап зидди иттифоқчиёни собиқашон қиём карданд. Эссерони чап, хоса, сулҳи Брест, зӯран кашида гирифтани озуқа (предразверстка) ва кумитаҳои камбағалӣ дар деҳотро маҳкум мекарданд. Шӯриш аз куштори сафири Олмон дар РСФСР граф Вилгелм фон Мирбах оғоз гардид.
6.07.1926. Дар СССР аввалин роҳи оҳани барқии хатти Боку-Сабунчӣ ба кор даромад.
6.07.1933. Дар СССР роҳпаймоии автомобили (автопробег)-и Маскав-Қароқум-Маскав оғоз гардид. Дар ин роҳпаймоӣ 96 нафар дар 23 автомобил ширкат варзиданд. Дар он мошинҳои сабукрави ГАЗ-А, мошинҳои боркаши ГАЗ-АА ва 2 мошини сеосаи ГАЗ-ААА ва 4 мошини боркаши АМО-3 ширкат карданд. Роҳпаймоӣ аз Маскав (аз заводи автомобилии ба номи Сталин) оғоз гардид ва Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистонро дар бар гирифт.
7.07.1921. Дар Русияи Шӯравӣ ба шаҳрвандон иҷозат дода шуд, ки корхонаҳои шахсӣ бисозанд ва теъдоди коргаронашон аз 20 нафар зиёд бошад. То ин дам теъдоди коргарони корхонаҳо на бояд аз 20 нафар зиёд мешуд.
7.07.1938. Дар Ленинград маркази телевизионии санҷишӣ консерти 2-соатаро ба навор баровард ва ин рӯйдод аввалин намоиши телевизионӣ дар СССР шинохта шудааст.
8.07.1922. Дар СССР ва ҳам бори аввал дар ҷаҳон, барои мубориза бо ҳашароти зараррасони хоҷагии қишлоқ аз хизматрасонии тайёраҳо истифода намуданд.
8.07.1944. Дар СССР бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ унвони фахрии "Қаҳрамонмодар" ҷорӣ карда шуд. Ҳар модари қаҳрамон ҳамроҳ бо унвон инчунин ордени "Шарафи модарӣ" ва медали "Модарӣ" низ мегирифт.
8.07.1974. КМ ҲКИШ лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ)-ро ба тасвиб расонид. БАМ яке аз сохтмонҳои бузурги умумииттиҳодӣ гардид ва шаҳрвандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ дар он ширкат варзиданд.
9.07.1941. Коллегияи ҳарбӣ олими варзида, Николай Вавиловро ҷосуси инглисӣ муаррифӣ ва ба қатл маҳкум намуд.
10.07.1925. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори Раёсати КМИ ва ШКХ Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС) таъсис дода шуд.
10.07.1941. Оғози муҳорибаи Смоленск дар ҶБВ.
11.07.1921. Таъсиси Муғулистони шӯравӣ. Дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ дар Муғулистон Артиши халқии муғул бо кумаки Артиши Сурх чиниҳо ва гвардиячиёни сафедро торумор кард ва дар Муғулистон ҳукумати мардумӣ роҳандозӣ гардид.
М.Салимшо