ХАБАРИ ДОҒ

Суиқасд ба Фюрер то қанди Куба

  • Панҷшанбе, Июл 20 2017


20.07.1941. Дар СССР бо сабаби оғози ҷанг бо немисҳо Комиссариати халқии бехаратии давлатӣ (НКГБ) бо Комиссариати халқии корҳои дохила (НКВД) муттаҳид карда шуд.

20.07.1944. Дар қароргоҳи Адолф Гитлер "Лонаи гург", ки дар Пруссияи Шарқӣ воқеъ шуда буд, машҳуртарин суиқасд зидди Фюрери олмонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ӯ аз ин суиқасд танҳо чанд захми хурд бардошт.

 

20.07.1990.Матбуоти шӯравӣ мафоҳими асосии нақшаи "Ваколатномаи боварӣ барои 500 рӯз"-ро ба нашр расонид. Ин нақша аз ҷониби Станислав Шаталин пешниҳод шуд ва раиси Комиссияи давлатии СССР оид ба ислоҳоти иқтисодӣ Григорий Явлинский иҷрои онро ба дӯш гирифт. Горбачев Шаталинро бовар кунонд, ки ислоҳоти қатъии иқтисоди шӯравиро мехоҳад. Муаллифонаш нақша доштанд, дар 500 рӯз вазъи иқтисодии СССРро ба куллӣ тағйир диҳанд. Дар 100 рӯзи аввал мебоист ҳамаи манзил, замин, корхонаҳои хурд хусусӣ мегардиданд ва корхонаҳои бузург ба аксионерҳо табдил дода мешуданд. Дар асоси Бонки давлатии СССР (Госбанк) мебоист Системи захиравӣ сохта мешуд. Давраи 2-ум 150 рӯзро дар бар мегирифт ва дар ин муддат бояд нархҳо озод мешуданд. Давраи 3-ум низ 150 рӯз идома дошт ва дар ин марҳила бозор мебоист устувор мешуд ва дар 100-рӯзаи чорум ба рушди худ оғоз мекард.
21.07.1918.Тоторҳои Қрим ба Олмон, ки он шабу рӯз нимҷазираро тасхир намуда буданд, муроҷиат карданд ва немисҳо хостанд, Қримро хонигарии тоторҳо эълон кунанд.
21.07.1937.Иддаи зиёде аз кормандони радиои украинӣ дар Киев ба ҳабс гирифта шуданд ва поксозии радио оғоз гардид. Ҳукумати шӯравӣ радиои давлатии РСС Украинаро дар миллатгароӣ муттаҳам намуд.
22.07.1940. Семҳои (Шӯроҳои олӣ) Литва, Латвия ва Эстонияи шӯравӣ дар як вақт бо қарори худ замин, саноати бузург, бонкҳо ва корхонаҳои тиҷоратиро дар қаламрави худ миллӣ кунонданд.
22.07.1960.Куба корхонаҳои амрикоии истеҳсоли қандро дар қаламрави худ миллӣ кунонид ва ИМА аз моликияти хусусиаш дар Куба маҳрум шуд. Аз ин ба баъд асоситарин истеъмолкунандаи қанди Куба СССР шуд ва ин раванд қариб то пошхурии Шӯравӣ идома дошт.
23.07.1918. Дар шаҳри Омски Сибири Ғарбӣ ҳукумати зиддиболшевикӣ таъсис ёфт ва ин ҳукумат Сибирро соҳибистиқлол эълон намуд ва тамоми қонунҳои болшевиконро дар қаламрави худ бекор кард. Моликияти помешикон бар замин низ дар Сибир дубора барқарор карда шуд.
23.07.1992. Шӯрои Олии Абхазия соҳибистиқлолии кишварашро аз Гурҷистон расман эълон намуд.
24.07.1941. Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ шаҳри Ростови лаби Донро ба тасхир даровард. Ин таърихро муаррихон оғози муҳорибаи Қафқоз дар ҶБВ меноманд.
25.07.1918. ШКХ РСФСР бо сарварии Ленин яҳудбадбини (антисемитизм)-ро "марги инқилоби коргару деҳқонӣ" эълон намуд.
25.07.1984.Аввалин баромади кайҳоннавардзан ба фазои кушоди кайҳонӣ. Ин ифтихор низ насиби кайҳоннавардони шӯравӣ гашт ва Светлана Савицкая бори аввал аз истгоҳи фазоии "Салют-7" ба фазои кушоди кайҳонӣ баромад.
27.07.1925.Кумитаи Марказии Иҷроия ва ШКХ СССР бо қарори махсуси худ Академияи улуми Русияро ба Академияи улуми СССР табдил доданд ва ин ниҳод олитарин муассисаи таълимии Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шуд.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter