ХАБАРИ ДОҒ


13.07.1925. Папаи Рим - Пийи XII эълон кард, ки ҳар масеҳии котолик ихтиёрӣ ва дидаву дониста, шомили ҳизби коммунист мешавад ё онро ба ҳар васоиле дастгирӣ мекунад, аз дини масеҳият хориҷ мегардад.

13.07.1955. Дар СССР шумораи аввали маҷаллаи "Адабиёти хориҷӣ” ба чоп расид. Ин нашрия дар солҳои пешазҷангӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо бо номи "Адабиёти интернационалистӣ" нашр мегардид.
13.07.1962. Дар СССР корхонаи тракторбарории Кирови шаҳри Ленинград аввалин трактори чархии К-700 "Кироветс"-ро сохта ба истеҳсолот баровард. К-700 яке аз пурзӯртарин ва беҳтарин тракторҳои шӯравӣ маҳсуб меёфт ва дар кишвари мо низ шӯҳрати зиёд дошт.
14.07.1933. Дар СССР экспедитсияи арктикии академик Отто Шмидт оғоз гардид. Шмидт бо гурӯҳе аз олимон ва сайёҳон дар киштиии "Челюскин" ният дошт қутби Шимолиро таҳқиқ кунад. Дар натиҷа иштирокчиёни экспедитсияи илмӣ миёни яхҳо роҳбанд шуданд ва дар СССР як амалиёти вежа барои наҷоти онҳо роҳандозӣ гардид.
14.07.1941. Аввалин истифода аз силоҳи нерӯманди БМ-13 дар рафти ҶБВ. БМ-13 ё ҳамон "Катюша"-и маъруф 14.07.1941 бори аввал зидди душман истифода шуд. 2 адади БМ-13 112 мушак ҷониби истгоҳи роҳи оҳани Орша, ки дар тасарруфи немисҳо қарор дошт, партофт. 1 тирандозии Катюшаҳо тамоми нақшаҳои фармондеҳии немисҳоро дар ин самт тағйир дод ва немисҳо аз ҳуҷуми минбаъда даст кашиданд.
14.07.1990. Дар СССР қарори Михаил Горбачев "Оид ба демократикунонӣ ва рушди телевизион" ба тасвиб расид. Шӯрои Олии РСФСР бошад Қонуни РСФСР "Оид ба моликият дар ҳудуди РСФСР"-ро қабул кард.
15.07.1923. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин ва ягона ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот" таъсис дода шуд. Ширкат дар ин рӯз нахустин хатсайри худ Маскав-Нижний Новгородро ифтитоҳ бахшид.
15.07.1933. Дар СССР корхонаи мошинсозии Свердловск (Уралмаш) ба кор сар кард. Уралмаш дар тӯли мавҷудияти СССР яке аз корхонаҳои муҳим ва стратегии кишвар будӣ.
15.07.1940. ШКХ "Дастуруламали баталёни ҷазодидагонро дар Артиши Сурх" тасдиқ кард. Баталёни ҷазодидагон дар ҳар қисми низомӣ вуҷуд дошт ва аскарон танҳо барои 2 соат ҳузур надоштан дар қисми низомӣ, ба он шомил мегардиданд.
16.07.1917. Оғози шӯриши июлӣ дар Петроград. Шӯриши июлӣ якумин кӯшиши барканории Ҳукумати муваққат дар Русия буд ва ин бор ба Ҳукумати муваққат муяссар гардид, шӯришгаронро саркӯб намояд.
17.07.1917. Журналисти рус Григорий Алексеевич Алексинский дар рӯзномаи "Ваҳдат", ки ба плехановчиён тааллуқ дошт, мақолаеро дарҷ кард ва иддаъо намуд, В.Ленин ва тарафдоронашро ҳукумати Олмон сармоягузорӣ мекунад.
17.07.1975.Киштии кайҳонии шӯравӣ "Союз" ва киштии кайҳонии амрикоӣ "Апполон" дар фазои озод ба ҳам пайваст гардиданд.
18.07.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин мусобиқаи футбол барои Ҷоми СССР роҳандозӣ гардид.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter