ХАБАРИ ДОҒ


3.08.1929.Дар СССР, дар шаҳри Ростови лаби Дон аввалин стансияи автоматикии телефонӣ (АТС) ба кор дароварда шуд. Ин АТС 6000 рақамро бо ҳам ба таври автоматикӣ пайванд мекард ва бо кӯмаки ширкати шведии "Эриксон" бунёд гардида буд.
3.08.1940.Ҷаласаи 7-уми Шӯрои Олии СССР хоҳиши Сейми Халқии Литваро иҷро кард ва Литва чун Ҷумҳурии Шӯравӣ ба ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид.

3.08.1945. Ҳукумати Чехословакия тамоми шаҳрвандони олмонитабор ва венгри ин кишварро аз ҳаққи гирифтани шаҳрвандии Чехословакия маҳрум намуд.
3.08.1950. Шӯрои Бехатарии Созмони Милали Муттаҳид зидди шомил шудани Чин ба СММ овоз дод.
4.08.1962.Роҳбари ташкилоти Конгресси Миллии Африқо Нелсон Мандела, дар Африқои Ҷанубӣ зиндонӣ гардид. Зиндони Мандела 28 сол идома ёфт ва билохира Ӯ ба 1 намоди муборизаи мардуми сиёҳпӯсти ин кишвар бар зидди низоми апартеид табдил ёфт.
5.08.1956. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав, аввалин ҷашнвораи варзиши (спартакиада)-и халқҳои СССР доир гардид. Дар ин ҷашнвора намояндагони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод миёни ҳам дар риштаҳои гуногуни варзиш рақобат мекарданд.
5.08.1975. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ роҳи оҳани Тюмен-Сургут ифтитоҳ ёфт. Он яке аз муҳимтарин роҳҳои оҳани СССР ба ҳисоб мерафт ва манотиқи нафтрасони Сибири Ғарбиро бо марказ мепайваст.
6.08.1940. Дар СССР яке аз чеҳраҳои шинохтаи илмӣ, академик Николай Иванович Вавилов ба ҳабс гирифта шуд. НКВД (Народный комиссариат внутренних дел) баъди чанде Вавиловро ба қатл расонид. Академик Вавилов яке аз олимони барҷастаи соҳаи генетика ба шумор мерафт ва ба Тоҷикистон низ чанд сафари корӣ намуда буд.
7.08.1983. Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар якҷоягӣ бо Шӯрои Вазирони СССР қарори маъруфи худ "Оид ба мустаҳкам кардани интизоми меҳнатӣ"-ро ба тасвиб расонид. Тибқи ин қарор барои истеҳсоли маҳсулоти бесифат, дер кардан ё нарафтан ба кор, бадмастӣ дар ҷои кор ҷазои маъмурӣ муайян карда мешуд.
8.08.1945. Иттиҳоди Шӯравӣ тибқи ваъдааш ба ИМА бо Япония ҷанг эълон кард ва нерӯҳои Артиши Шӯравӣ вориди Манҷурия гардиданд.
9.08.1990. Шӯрои Олии РСФСР қарор "Оид ба муҳофизати истиқлоли иқтисодии Русия"-ро ба имзо расонид. Шӯрои Олии РСФСР тамоми созишномаҳои муассисаҳои иттиҳодиро, ки ба тилло, алмос, уран ва ғ. рабт доштанд, дар ҳудуди худ ғайриқонунӣ хонд.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter