11.08.1921. Шӯрои Комиссарони Халқӣ бо қарори махсуси худ дар Руссияи шӯравӣ Сиёсати Нави Иқтисодиро роҳандозӣ намуд. НЭП чунин ном гирифт сиёсати нави болшевикон дар майдони иқтисодии собиқ империяи Руссия. Ин сиёсати нав баъди чанде боз мардумро ба дорову нодор тақсимбандӣ кард. Ва ин бо асли сиёсати марксистӣ, ки болшевикон аз он пайравӣ мекарданд, мухолиф буд. НЭП баъди ба сари қудрат расидани Иосиф Виссарионович Сталин аз миён бардошта шуд.
11.08.1949. Роҳбарияти СССР эълон намуд, ки дигар Югославияро иттифоқчии худ намедонад. Дар Югославия баъди пирӯзӣ бар немисҳо Иосиф Броз Тито ба сари қудрат омад. Маршал Тито ягона сарвари кишвари сотсиалистӣ буд, ки тавонист аз хостаҳои Маскав сарфи назар кунад ва сиёсати мустақили худро пиёда гардонад.
11.08.1973. Дар телевизиони марказии СССР филми ҳунарии "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор" ба намоиш гузошта шуд. Филми мазкур дар бораи қаҳрамонии ҷосусони шӯравӣ дар қалби Рейхи 3-мм нақл мекард ва Штирлитс ба 1 қаҳрамони афсонавӣ дар СССР мубаддал гардид. Филмро режиссер Татяна Лиозова аз рӯи асари нависанда Юлиан Семенов ба навор гирифтааст.
11.08.1994. Фидел Кастро маҳдудияти хурӯҷ аз Кубаро бекор кард. Қабули ин қарор қариб хуруҷи оммавии мардумро ба миён овард. Аён гардид, ки мардуми зиёде ният доранд кишварро тарк кунанд. Танҳо то авохири моҳи августи соли 1994 20 000 шаҳрванд Кубаро тарк карданд.
12.08.1953. Дар полигони атомии Семипалитински РСС Қазоқистон озмоиши бо муваффақияти аввалин бомбаи гидрогенӣ (водородӣ) анҷом дода шуд. Аввалин кишвари Шӯроҳо акнун соҳиби силоҳи пурзӯри дигаре гардид, ки бо он метавонист душманонашро битарсонад.
13.08.1945. Конгресси умумиҷаҳонии сионистҳо аз кишварҳои ғолиб дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум талаб кард, ки барои вуруди 1 миллион яҳудӣ ба Фаластин иҷоза диҳанд.
13.08.1961. Ҷумҳурии Демократии Олмон (ГДР) сарҳадро миёни Берлини Шарқӣ ва Берлини Ғарбӣ баст ва ба сохтмони деворӣ Берлин оғоз намуд. Ин девор барои 30 сол кишвари ягонаи немисҳоро аз ҳам ҷудо кард.
14.08.1919.Дар рафти ҷанги шаҳрвандии Русия Артиши Сурх амалиёти Актюбинскро оғоз намуд. Дар рафти амалиёт Артиши Сурх армияи Ҷанубии Колчакро торумор намуд. Дар амалиёт нерӯҳои Фронти Туркистон, таҳти сарварии Михаил Фрунзе ширкат варзиданд ва баъди 1 сол ҳамин нерӯҳо аллакай дар дарвозаҳои Бухоро қарор доштанд.
15.08.1924. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи "Радиолюбител" ба чоп расид. Ин маҷалла то ба имрӯз таҳти номи "Радио" фаъолият дорад ва мураттаб нашр мегардад.
М.Салимшо