ХАБАРИ ДОҒ

Аз бадарғаи Боннэр то ҳабси Горбачев

  • Душанбе, Авг 21 2017


17.08.1934. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Анҷумани аввалини умумишӯрави нависандагон доир гардид. Тоҷикистонро дар ин Анҷуман устод Садриддин Айнӣ намояндагӣ мекард.

17.08.1958. Пешвои коммунистони Чин Мао Дзедун сиёсати "ҷаҳиши бузург"-ро дар Чин оғоз намуд.

17.08.1977. Киштии яхшикани атомии шӯравӣ "Арктика" аввалин шуда, миёни киштиҳои рӯиобӣ ба қутби Шимолии Замин расид.

17.08.1984. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Елена Боннэр-зани академик Андрей Сахаров ба муддати 5 сол ба шаҳри Горкий депортатсия гардид. Ҳукумати шӯравӣ Боннэрро ба туҳмат ба низоми сотсиалистӣ айбдор мекард.
18.08.1918. Дар Русияи Шӯравӣ иттиҳоди умумирусиягии журналистон таъсис дода шуд.
18.08.1968. Роҳбарияти кишварҳои Созишномаи Варшава ворид кардани нерӯи низомӣ ба Чехословакияро таъйид кард. Роҳбарони СССР, Олмони демократӣ, Полша, Болгария ва Венгрия дар Маскав ҷамъ омада, ба амалиёти "Дунай" чароғи сабз доданд.
18.08.1991.Президенти СССР-Михаил Горбачев дар Қрим, дар қароргоҳаш-"Фарос" аз ҷониби аъзои ГКЧП  ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.
19.08.1941. Фармондеҳи тонки КВ-1-и шӯравӣ Зиновий Колобанов ҳангоми задухӯрд дар назди деҳаи Войсковитса, дар муддати ним соат 22 тонки немисро ба оташ кашид. Немисҳо дар оғози ҷанг содалаҳвона мепиндоштанд, ки тонкҳояшон дар ҷаҳон рақиб надоранд. Гитлер ва наздиконаш танҳо баъди оғози ҷанг аз мавҷудияти Т-34 ва КВ бохабар шуданд. Нақл мекунанд, Фюрери олмонӣ вақте аз мавҷудияти ин тонкҳо дар Артиши сурх огоҳ шуд, гуфта буд: "Агар ман аз ин тонкҳо бохабар будам, шояд ҷангро оғоз намекардам".
19.08.1945. Артиши Квантунии Япония дар Манҷурия таслим шуд. Бо ҳамин ҷанги барқосои Артиши шӯравӣ алайҳи Япония ба поён расид.
19.08.1960. Киштии кайҳонии шӯравӣ-"Восток" парвози якшабонарӯзиашро дар гирди сайёра анҷом дод ва бо муваффақият ба Замин нишаст. Дар ин парвоз олимон бори аввал аз мавҷудоти зинда истифода намуданд. 2 саг бо номҳои "Белка" ва "Стрелка" аввалин кайҳоннавардони сайёраи Замин шуданд.
19.08.1991. Кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ. Ин ҳаводис бо номи ГКЧП дар таърихнигории имрӯзаи мо маъруф аст. 1 гурӯҳ аз коммунистони собиқадор кӯшиш карданд, ки қудрати сиёсиро аз дасти Горбачев ситонанд ва СССРро аз парокандашавӣ нигаҳ доранд.
20.08.1918. Дар Русияи Шӯравӣ моликияти хусусӣ ва амволи ғайриманқул бекор карда шуд.
20.08.1939. Оғози амалиёти артиши шӯравию муғул алайҳи артиши Квантунии японӣ дар соҳили дарёи Халхин-Гол. Ба Артиши сурх Георгий Жуков фармондеҳӣ мекард. Дар амалиёт Жуков артиши 6-и японҳоро муҳосира ва ҷудо-ҷудо торумор намуд.
22.08.1941.Кумитаи Давлатии Мудофиаи СССР Қарори №562ро қабул кард. Тибқи ин қарор арақ дар Артиши Сурх ҳатмӣ гардид ва аскарон пеш аз амалиёт 100 грамми мезаданд.
22.08.1943. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ мактабҳои суворовӣ таъсис дода шуданд. Ин мактабҳо заминасози асосии тайёр намудани афсарони оянда барои артиш дар кишвар гардиданд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter