ХАБАРИ ДОҒ

Аз «доктринаи Брежнев» то «Солидарность»

  • Ҷумъа, Сен 22 2017


21.09.1973. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Академияи Вазорати Корҳои Дохилӣ таъсис дода шуд. Ин ниҳод олитарин даргоҳи илмии милисаҳои шӯравӣ ба шумор мерафт.

21.09.1993. Президенти Русия-Борис Николаевич Елтсин қарор дар бораи парокандакунии Шӯрои Олии Русияро ба имзо расонид. Ҷанги президент бо Шӯрои Олӣ билохира бо пирӯзии президент анҷом ёфт.

22.09.1980. Дар шаҳри Гдыни Полша намояндагони 36 шӯъбаҳои музофотии Иттифоқҳои касабаи ин кишвар гирди ҳам омада, созмони "Ҳамбастагӣ" (Солидарность)-ро ташкил доданд. Ин созмон баъди чанде яке аз рақибони асосии ҳукумати коммунистии Полша гардид.
22.09.1989. Дар Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон забони қазоқӣ забони давлатии кишвар эълон карда шуд.
22.09.1991. Дар РСС Тоҷикистон баъди гирдиҳамоии мухолифин дар назди бинои Шӯрои Олӣ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон расман мамнӯъ эълон гардид.
23.09.1922. Иосиф Сталин лоиҳаи "мухторият" (автономизатсия)-и ҷумҳуриҳои шӯравиро ба Бюрои сиёсӣ барои муҳокима пешниҳод кард. Тибқи лоиҳаи Сталин тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ, чун ҷумҳуриҳои "автономӣ" мебоист вориди РСФСР мегардиданд. Аммо Владимир Илич Ленин-доҳии пролетариат ин лоиҳаро рад кард.
23.09.1991. Парлумони РСС Тоҷикистон дар 1 ҷаласаи фаврӣ ва ғайринавбатии худ қарори дирӯзаи ҳукумати кишварро лағв ва Ҳизби коммунистро аз нав расман барқарор намуд.
26.09.1968. Рӯзномаи "Правда" андешаҳои роҳбарияти СССРро таҳти унвони "доктринаи Брежнев" рӯи чоп овард. Тибқи ин андешаҳо соҳибихтиёрии кишварҳои сотсиалистӣ маҳдуд карда мешуд. Ин сиёсат то замони Михаил Сергеевич Горбачев-вопасин ГенСеки СССР, идома дошт ва танҳо бо омадани ӯ ба Аврупо боди озодӣ вазидан гирифт.
26.09.1990. Дар СССР қонун “Дар бораи озодии дину оин” ба тасвиб расид. Акнун мардуми аввалин кишвари Шӯроҳо метавонистанд озодона маросими динии худро анҷом диҳанд.
27.09.1940. Олмон, Италия ва Япония дар Берлин Қарордоди сегонаро ба имзо расониданд. Гитлер баъди ишғоли Полша ба Сталин пешниҳод намуд, ки ба ин Қарордод ҳамроҳ шавад, аммо Иосиф Ҷугаашвили пешниҳоди Фюрери немисҳоро рад кард.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter