ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли Зорге то роҳи ҳавоии Ғарм

  • Ҷумъа, Сен 29 2017


29.09.1938. Сарвазири Бритониё-Артур Невилл Чемберлен (собиқ вазири тандурустии Англия) бо ҳамтои фаронсавиаш Эдуард Даладье дар шаҳри Мюнхени Олмон бо Адолф Гитлер ва Бенито Амилкаре Андреа Муссолини созишномаи сулҳро ба имзо расониданд.

Он дар таърих бо "созишномаи Мюнхен" маъруф аст ва муаррихин онро заминасози асосии Ҷанги ҷаҳонии 2 муаррифӣ мекунанд. Тибқи ин созишнома Олмон мебоист вилояти Судети Чехословакияро дубора пас мегирифт, аммо фюрери олмонӣ ба 1 вилоят қонеъ нашуд ва баъди чанде тамоми Чехословакияро забт кард.
29.09.1943. Суди Токио ҷосуси шӯравӣ Рихард Зорге (Рамзай)-ро ҳукми паррон дод. Ҳукми суд баъди 1 сол ба иҷро даромад ва с.1944 самурайҳо Зоргеро  парронданд.
30.09.1928. Рӯзномаи "Правда" мақолаи Николай Бухарин "Ёддоштҳои иқтисодчӣ"-ро рӯи чоп овард. Бухарин дар ин мақола сиёсати иқтисодии Иосиф Сталинро зери танқиди сахт гирифта буд. Ҷугашвили "любимчики" ҳизбашро барои мақола баъди чанд сол ба марг маҳкум кард.
1.10.1941. Имзои созишномаи "Ленглиз" дар Маскав. Тибқи ин созишнома ИМА ва Англия ӯҳдадор шуданд, ки СССРро бо масолеҳи ҳарбӣ, силоҳ ва хӯрокворӣ таъмин кунанд. Таъминот аз тариқи Баҳри шимолӣ, Шарқи Дур ва Эрон амалӣ мегардид.
2.10.1929. Аввалин парвози ҳавоӣ бо масири Тошканд-Душанбе-Ғарм-Хоруғ. Ин парвоз заминасози роҳи ҳавоӣ ба Бадахшони РСС Тоҷикистон гардида, дар поярезӣ ва рушди авиатсияи мусофиркашии Тоҷикистон нақши вежа дошт.
3.10.1929. Шоҳигарии сербҳо, хорватҳо ва словенцҳо дар кишвари ҷадид бо номи Югославия муттаҳид гардид. Ин кишвар дар авохири қарни 20 аз ҳам пошид ва ба чанд кишвари мустақил тақсим шуд.
3.10.1990. Олмони демократӣ (ГДР) ва Олмони федералӣ (ФРГ) баъди ҷудоии 45-сола дар 1 кишвари ягона муттаҳид шуданд.
3.10.1993. Дар Маскав задухӯрди тарафдорони Борис Николаевич Елтсин ва Шӯрои Олӣ оғоз гардид. Тарафдорони ШО муҳосираи Хонаи Сафедро рахна ва бинои мири ш.Маскавро ишғол намуда, аз ҳукуматдорон талаб карданд, ки ба онҳо имкони баромад кардан тариқи ТВро муҳайё созанд.
4.10.1991. Роҳбарони тамоми ҷамоҳири СССР, ғайр аз кишварҳои назди Балтик, созишномаи ҳамкории иқтисодиро миёни ҳам ба имзо расониданд.
4.10.1992. Конфедератсияи халқҳои Қафқоз аз Русия ва Гурҷистон талаб намуд, ки истиқлолияти Чеченистон, Абхазия ва Осетияи ҷанубиро ба расмият бишносанд.
4.10.1993. Президенти Русия-Б.Елтсин билохира фармони тасхири "Хонаи Сафед"-бинои Шӯрои Олии Русияро содир намуд ва тонкҳо вориди шаҳр шуда, ба ШО ҳамла намуданд.
5.10.1952.Дар ш.Маскав Анҷумани ХIX ВКП(б) ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин Анҷуман номи ҳизби болшевикон тағйир хӯрда, ВКП(б) ба КПСС (ҲКИШ) мубаддал гардид.


М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter