ХАБАРИ ДОҒ

4.03.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Шӯрои Олии Ҳарбиро таъсис дод. Ба Шӯрои ҳарбӣ Лев Давидович Тротский сарварӣ мекард. Шӯрои олии ҳарбӣ ба ғалабаи болшевикон дар ҷанги шаҳрвандӣ нақши ҳалкунанда бозид. Роҳбарии кулли Артиши Сурх ба зимаи ин Шӯрои ҳарбӣ буд.

 4.03.1990. Дар СССР аввалин интихоботи ба ном «алтернативӣ»-и вакилони мардумӣ баргузор шуд, ки ҳадаф аз онҳо иштироки мардуми ғайриҳизбӣ дар интихобот буд. Парлумони авохири умри СССР пур аз деҳқону муаллиму табибу шоир гашта буд. Чун дар натиҷаи ин интихобот намояндагони зиёди ин қишрҳо вориди парлумон шуданд.

5.03.1923. Роҳбари Ҳизби болшевикӣ Ленин ба Тротский супориш медиҳад, ки коммунистони гурҷиро аз иттиҳомоти Сталин наҷот диҳад. Сталин ҳеҷ гоҳ ба коммунистони гурҷӣ назари хуш надошт.

5.03.1940. Аввалин намунаҳои тонки машҳури шӯравӣ Т-34 аз Харков ба Маскав омаданд. Т-34, ки беҳтарин тонки ҶБВ аст, танҳо 1 сол қабл аз ҳамлаи немисҳо сохта шуд.

5.03.1940. 25.700 нафар афсарони поляк бо фармони роҳбари НКВД-Л.Берия дар деҳаи Катин (наздикиҳои Смоленск) парронда шуданд. Ин афсарон дар натиҷаи ҷанги Олмону Полша ба СССР асир гардида, асирони ҳарбӣ ба ҳисоб мерафтанд.

7.03.1935. Дар СССР бо қарори махсус тамоми асарҳои Лев Давидович Тротский, Григорий Зиновев ва Лев Борисович Каменев аз китобхонаҳо мусодира шуданд.

7.03.1943. Дар СССР ба Иосиф Виссарионович Сталин рутбаи олии ҳарбӣ-маршали Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.

7.03.1954. Тими мунтахабӣ хокейи СССР аввалин бор чемпиони ҷаҳон гардид. Дар бозии финалӣ хокеистони шӯравӣ мунтахаби Канадаро бо ҳисоби 7:2 мағлуб карданд.

7.03.1960. Дар СССР аввалин дастаи кайҳоннавардон таъсис дода шуд. Ин даста аз 20 ҳавонаварди ҳарбӣ иборат буд.

7.03.1960. Дар уқёнуси Ором америкоиҳо 4 сарбози шӯравиро, ки 49 рӯз бе обу озуқа дар оби кушод шино мекарданд, наҷот доданд.

7.03.1967. Дар СССР ҳафтаи кории 5 рӯза бо 2 рӯзи истироҳат ҷорӣ карда шуд.

8.03.1910. Бо қарори Интернатсионали Сотсиалистӣ, ки дар Копенгаген ва Дания созмон дода шуд, 8 март рӯзи Байналмилалии бонувон эълон гардид.

8.03.1921. Оғози Анҷумани 10-уми РКП(б). Ин анҷуман қарори гузаштан ба Сиёсати Нави Иқтисодиро (НЭП) дар СССР ба табъ расонид.

8.03.1950. СССР эълон кард, ки дорои силоҳи атомӣ аст.

8.03.1956. Дар СССР соати корӣ дар рӯзҳои пеш аз идӣ ба 6 соат расонида шуд.

8.03.1988. Дар СССР оилаи Овечкинҳо аз Иркутск тайёраи мусофирбарро ба гарав гирифта, мехостанд аз Шӯравӣ фирор кунанд. Аммо ин кор ба онҳо муяссар нашуд.

9.03.1953. Дар Маскав маросими дафни Иосиф Сталин баргузор гардид. Дар рӯзи маросим дар натиҷаи анбӯҳи зиёди мардум садҳо нафар, ки барои дидори охирин бо доҳии худ омада буданд, ба ҳалокат расиданд.

9.03.1991. Дар СССР нусхаи Шартномаи нави Иттиҳод дарҷ шуд. Мутаассифона, ин ва даҳҳо шартномаҳои дигар, ки барои нигаҳ доштани ин кишвар аз пошхӯрӣ равона шуда буданд, танҳо дар рӯи коғаз боқӣ монданд.

10.03.1918. Анҷумани Шӯроҳо бо сабаби таҳдиди ҳуҷуми немисҳо қарор дод, ки муваққатан пойтахтро аз Петербург ба Маскав кӯчонад.

10.03.1919. Дар Маскав болшевикон Интернатсионали 3-умро созмон доданд.

10.03.1931. Оғози бунёди Магнитогорск-яке дигар аз иншоотҳои бузурги СССР.

10.03.1939. Анҷумани 18-уми ВКП(б) расман эълон кард, ки дар СССР сотсиализм пурра ғалаба кард.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter