27.02.1917. Дар Петроград Қасри Зимистона аз тарафи мардуми шӯришгар ишғол ва Ҳукумати подшоҳӣ сарнагун карда шуд. Ҳукуматро «Кумитаи муваққатии Думаи давлатӣ» ба зима гирифт. Болшевикон низ кумитаи Иҷроияи Шӯрои депутатҳои коргарон ва аскарони Петроградро таъсис доданд.
27.02.1937. Дар Пленуми КМ ВКП(б) аъзои собиқи Бюрои сиёсӣ-Николай Бухарин ва Алексей Рыков аз тарафи роҳбари НКВД-Ежов ба исён муқобили Ҳизб айбдор шуданд. Онҳоро аз узвият дар ВКП(б) хориҷ карданд ва ба ҳабс гирифтанд. Ин 2 ходими намоёни Ҳизби болшевикӣ баъдан парронда шуданд.
28.02.1921. Оғози ошӯби Кронштадт. Дар ин ошӯб асосан баҳрнавардони ҳарбӣ (матросҳо) ширкат доштанд. Сабабҳои асосии ошӯб норозигии мардум аз Ҳукумати шӯравӣ буд. Ошӯбгарон бо шиори «Ҳамаи ҳукумат ба шӯроҳо на ба Ҳизб» баромад мекарданд. Танҳо баъди 18 рӯз ба Артиши Сурх муяссар шуд, ки ошӯбро хомӯш кунад. Аммо ин ошӯб гузаштани Ҳукумати шӯравиро ба сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) тезонид.
28.02.1950. Дар СССР ҳукумат қурби рубли шӯравиро бо тило муайян кард. Аз соли 1937 ин қурб бо доллари ИМА муайян карда мешуд ва СССР барои намоиши қудратмандии худ аз ин суннати иқтисодии кишварҳои Ғарбӣ худро канор зад. Танҳо дар авохири мавҷудияти СССР ин қурбмуайянкунӣ боз бо доллари ИМА роҳандозӣ гардид.
1.03.1918. Немисҳо Киев-пойтахти Украинаро ишғол карданд. Ҳукумати шӯравии Украина ба Полтава кӯчид.
1.03.1919. Дар Маскав аввалин кунгураи Коминтерн баргузор гардид.
1.03.1943. СССР эълон кард, ки баъди хатми ҶБВ Украинаи Ғарбӣ ва Белорусияро, ки пеш аз ҷанг ба Полша тааллуқ доштанд, дигар ба касе намедиҳад.
1.03.1953.Сталин, ки солҳои тӯлонӣ зимоми қудрати сиёсиро дар СССР дар даст дошт, ба сактаи дил мубтало гардид. Аммо Лаврентий Берия ва Маленков овардани табибонро ба наздаш манъ карданд.
1.03.1991.Дар СССР шахтёрони Донбасс корпартоӣ эълон карданд. Ин аввалин карпартоии сиёсӣ дар СССР буд, ки шахтёрон истеъфои Горбачёвро талаб карданд.
2.03.1917. Ҳукумати мувақати Керинский дар Русия ба сари қудрат омад.
2.03.1938. Дар шаҳри Маскав мурофиаи кушоди судии Бухарин, Рыков ва дигар ҳамроҳонашон оғоз шуд. Албатта ин мурофиа дар тақдири ин нафарон аҳамияте надошт, аммо бо вуҷуди ин СССР арзишҳои демократиро пос медошт.
2.03.1946. Дар СССР Василий Сталин писари Сталин дар 24 солагӣ рутбаи генерал-майорро соҳиб шуд.
2.03.1959. Дар СССР дастаҳои ихтиёрии мардумӣ-ДНД таъсис дода шуданд.
2.03.1992. Оғози даргириҳои Преднестрове. Ҷанги Молдавия бо манотиқи руснишини назди Днестр, ки баъдан Ҷумҳурии Преднестроверо бо сардории генерали марҳум Лебед созмон доданд. Дар натиҷа Молдавия дар 1 муддати кӯтоҳ торумор гардид ва Ҷумҳурии Преднестрове истиқлоли сиёсӣ ба даст овард.
3.03.1947. СССР тавонист аввалин агрегати ГЭСи Днепропетровскро дубора ба кор дароварад. Ин иншооти азим яке аз дастовардҳои сиёсати индустрионии Сталин ба шумор мерафт. Аммо немисҳо дар оғози ҷанг иншооти муҳими СССРро комилан хароб карданд. Бо вуҷуди ин ба СССР муяссар шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат онро аз нав барқарор кунад.
3.03.1964. Аввалин парвози қиркунандаи МиГ-25, ки яке аз беҳтарин самолетҳои ҷангӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
М.Салимшо