4.11.1945. Оғози конфронси Қрим. Ин конфронс дар шаҳри Ялтаи Қрим даъват гардид ва дар он сарони 3 кишвари иттифоқчӣ-Иосиф Сталин (СССР), Франклин Рузвелт (ИМА) ва Уинстон Черчилл (Англия) мебоист тақдири ояндаи Олмонро ҳаллу фасл мекарданд.
4.11.1956. Артиши Шӯравӣ ба пойтахти Венгрия-шаҳри Будапешт ворид гардид. Дар Венгрия чанде қабл Имре Над сари қудрат омада буд ва хост кишварашро аз лагери сотсиалистӣ хориҷ кунад. Аммо СССР ва иттифоқчиёни аврупоиаш ба ин кор иҷозат надоданд. Дар натиҷа баъди задухӯрдҳои кӯчагӣ нерӯҳои тарафдори Над шикаст хӯрданд ва худи ӯ дар сафорати Югославия паноҳ бурд. Дар Венгрия бошад ҳукумати нави коргару деҳқон бо сарварии Янош Кадар созмон дода шуд.
5.11.1929. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ташкилоти Интурист ташкил карда шуд. Он дар собиқ СССР ягона ташкилоте буд, ки бо масъалаи сайёҳӣ кору бор дошт.
5.11.1934. Дар СССР филми ҳунарии Чапаев ба намоиш гузошта шуд. Ин филмро бародарон Василевҳо сохта буданд ва он ба яке аз машҳуртарин филмҳои синамоии шӯравӣ табдил ёфт.
6.11.1917. Дар Петроград дастаҳои гвардияи Сурх бо кӯмаки аскарони гарнизони Петроград, ки ба тарафи болшевикон гузашта буданд, пули асосии Нева, почта, телеграф ва истгоҳҳои роҳи оҳанро ба тассаруфи худ дароварданд. Гвардиячиёни сурх аз номи Шӯрои Петроград баромад мекарданд ва ин амалкарди онҳо оғози шӯриши мусаллаҳона алайҳи Ҳукумати муваққат қаламдод мегардад.
6.11.1943. Артиши Сурх дар рафти ҶБВ пойтахти Украина-шаҳри Киевро аз дасти артиши олмонӣ озод кард.
7.11.1917. Инқилоби кабири сотсиалистии Октябр. Болшевикон Қасри зимистона-маркази Ҳукумати муваққатро ишғол намуданд ва худи ҳукуматро пароканда карда, қудратро дар пойтахти Русия ба даст гирифтанд.
7.11.1944. Дар Япония ҷосуси барҷастаи шӯравӣ Рихард Зорге ба дор кашида шуд. Зорге соли 1941 дастгир шуда, 3 сол дар зиндони "Сугамо"-и Токио нигаҳдорӣ мешуд.
7.11.1990. Суиқасд ба ҷони Михаил Сергеевич Горбачев, дар майдони Сурхи Маскав. Ҳангоми намоиши идона дар Маскав А.Шманов ба сӯи Горбачев, ки дар болои Мавзолей қарор дошт, тир кушод.
8.11.1917. Шӯришҳои мусаллаҳонаи болшевикон дар Маскав. Баъди тасарруфи пойтахт болшевикон кӯшиданд қудратро дар Маскав низ ба даст гиранд. Ин кор албатта бо заҳмати бештар барояшон муяссар гардид ва онҳо билохира Кремлро ишғол намуданд.
9.11.1940. Дар СССР таълими ҳатмии забонҳои хориҷӣ дар тамоми макотиби миёна ҷорӣ карда шуд.
М.Салимшо