ХАБАРИ ДОҒ

Аз шӯриши Телман то «Ҷумъаи сиёҳ»

  • Ҷумъа, Окт 27 2017


25.10.1922. Соати 4-и рӯз нерӯҳои артиши Ҷумҳурии Шарқи Дур бо фармондеҳии И.Убаревич ба шаҳри Владивосток ворид шуданд.

Артиши японӣ шаҳрро тарк кард ва ҷанги граждании Русия бо ғалабаи пурраи болшевикон анҷом ёфт.

25.10.1923. Шикасти шӯриши коммунистон дар Гамбург. Соли 1923 Олмон ба буҳрони шадиди иқтисодӣ рӯбарӯ шуд ва роҳбарияти Коминтерн хост аз ин фурсат истифода намуда, дар кишвар инқилоби коммунистиро роҳандозӣ кунад. Инқилоб ба моҳҳои октябр-ноябри соли 1923 ба нақша гирифта шуда буд. Аммо ҳукумати Олмон аз нақшаи коммунистон огоҳ гардид ва Коминтерн инқилобро бекор кард. Аммо коммунистони Гамбург аз бекор кардани инқилоб дарак надоштанд ва 23 октябр бо сардории Эрнст Телман ва Ханс Киппенбергер даст ба шӯриш заданд. Коммунистони гамбургӣ 17 идораи пулисро дар шаҳр тасарруф намуда, дар маҳаллаҳои коргарнишини Гамбург сангарҳо бино карданд. Аммо баъди 2 рӯз нерӯҳои ҳукуматӣ шӯришро пахш карданд.
25.10.1929. Оғози буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон. Он яке аз бузургтарин буҳронҳои иқтисодӣ дар мамолики пешрафтаи ғарбӣ ва ИМА ба шумор меравад. Буҳрон 4 сол идома дошт ва соли 1933 ба охир расид. Дар рафти он арзиши коғазҳои қимматнок ва аксияҳо 90% поин рафт ва иддаи зиёди шаҳрвандони ИМА қашшоқ шуданд. Оғози буҳронро дар таърихнигории ғарбӣ "Ҷумъаи сиёҳ" муаррифӣ кардаанд.
25.10.1962. Сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид, дар нишасти Шӯрои амният аксҳои мушакҳои шӯравиро дар Куба ба ҳозирин намоиш медиҳад. Баъди ин Хрушев дар 1 муроҷиати хатти ба Кеннедӣ розӣ мешавад мушакҳоро аз Куба барорад. (шарҳи бештари мавзӯъ дар саҳ.4)
25.10.1971. Ҷазираи Тайван аз СММ хориҷ карда шуд. Баъди ҷанги ҷаҳонии дуввум дар Тайван ҳукумати миллигароёни Чинӣ бо сарварии Чан Кайши мустақар гардид ва то соли 1971 ин ҷазира аз Чин дар СММ ва Шӯрои амнияти он намояндагӣ мекард. ИМА ва кишварҳои ғарбӣ ҳукумати коммунистии Чинро ба расмият намешинохтанд ва танҳо соли 1971 Тайванро дар СММ бо Чини коммунистӣ ҷойгузин карданд.
26.10.1905. Вакилони кутимаҳои корпартоии Санкт-Петербург аввалин Шӯроро дар Руссия таъсис доданд.
27.10.1982. Роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Чин эълон намуд, ки теъдоди аҳолии кишвараш аз 1 миллиард нафар убур намуд.
27.10.1990. Аскар Акаев Президенти РСС Қирғизистон интихоб гардид.
29.10.1956. Исроил ба Миср ҳуҷум кард. Баъди чанд руз Англия ва Фаронса низ нерӯҳои мусаллаҳашонро ба Миср ворид карданд. (шарҳи бештар дар саҳ.4)
1.11.1990. Дар СССР қурби бозории рубл ҷорӣ карда шуд. Тибқи ин қурб 1 доллар ба 1 рублу 80 тин баробар буд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter