ХАБАРИ ДОҒ

Аз ҳамлаи Нетте то “майл”-и Лигачев

  • Панҷшанбе, Фев 08 2018


2.02.1918.Дар Русияи шӯравӣ бо Декрети Шӯрои Комиссарони Халқӣ калисо аз давлат ва мактаб ҷудо карда шуд.
2.02.1920.Имзои созишномаи сулҳи Тарту миёни Эстония ва Русияи шӯравӣ. Баъди имзои сулҳ миёни нерӯҳои озодихоҳи Эстония, ки онҳоро флоти ҳарбии Бритониё ва ихтиёриёни зиёди фин, швед ва даниягӣ дастгирӣ мекарданд ва Артиши Сурх дар шимолу ғарби собиқ императорӣ оташбас эълон шуд. Созишномаи сулҳи Тарту дар таърихи Эстония санаи бисёр муҳим буда, ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти кишвар ҷашн гирифта мешавад.

2.02.1943. Шикасти артиши олмонӣ дар Сталинград. Дар Русия аз моҳи феврали соли 1995 ин рӯзро ҳамчун Рӯзи Шарафи Ҷангӣ ҷашн мегиранд.
2.02.1956. Аввалин озмоиши мушаки стратегӣ. Бори аввал ин корро олимони мушаксози шӯравӣ дар Семипалатински РСС Қазоқистон анҷом доданд.
3.02.1918. Бо декрети махсуси КМИ тамоми қарзҳои дохилӣ ва берунии ҳукумати собиқи подшоҳӣ ва Ҳукумати Муваққатро бекор кард. Дар ҷамъ ин қарзҳо 60 млрд. рубли тиллоиро ташкил медоданд.
3.02.1930. Таъсиси ҳизби коммунистии Ветнам. Ин ҳизб баъди муборизаи тӯлонӣ тавонист қудратро дар Ветнам комилан соҳиб шавад ва коммунистон ҳоло ҳам дар ин кишвар ҳукумат доранд.
3.02.1987. Дар СССР бо иттиҳоми гирифтани пора Юрий Чурбанов-домоди Леонид Брежнев ба ҳабс гирифта шуд. Чурбанов ҷонишини аввали Вазири корҳои дохилаи СССР буд ва солҳои тӯлонӣ бо Юрий Андропов (роҳбари КГБ) рақобат дошт. Билохира, баъди марги Брежнев Андропов сари қудрат омад ва домоди ӯро ба зиндон партофт.
4.02.1932.Ифтитоҳи аввалин бозиҳои 3-юми олимпии зимистона дар қораи ғарбӣ. Ин бозиҳо дар Лейк-Плэсиди ИМА баргузор гардиданд ва президенти ИМА Рувелт онҳоро ифтитоҳ бахшид. Дар ин бозиҳо варзишгарони ИМА ва Канада аз нисф зиёди иштирокчиёни мусобиқаҳоро ташкил медоданд.
4.02.1960. Анастас Микоян, ки одами наздики Хрушев буд, дар пойтахти Куба-шаҳри Гавана бо Фидел Кастро дидор намуда, миёни СССР ва Куба қарордоди иқтисодӣ баста шуд. Куба он шабу рӯз дар инзивои шадиди иқтисодӣ қарор дошт ва қандашро, ки ягона бизнеси пуловари Куба ба шумор мерафт, касе намехарид. СССР уҳдадор шуд, тамоми қанди Кубаро бихарад.
4.02.1974. Мао Цзе Дун-роҳбари коммунистони Чин аз оғози инқилоби нави маданӣ дар кишвараш хабар дод.
5.02.1926. Дар қатораи хатсайри Москва-Рига фиристодаи дипломатии СССР Теодор Иванович Нетте мавриди ҳамла қарор гирифт.
6.02.1990. Дар пленуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Егор Кузмич Лигачев иброз намуд, ки "сахт майли кор карданам мебиёяд" ва баъди ин калимот ӯро аз вазифа гирифта, аз ҳайъати Бюрои сиёсӣ низ хориҷ карданд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter