8.02.1955.Дар СССР маршал Николай Александрович Булганин Раиси Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин шуд. Ӯ дар ин симмат Георгий Максимилианович Маленковро ҷойгузин кард. Маленков бошад вазири нерӯгоҳҳои барқӣ таъин карда шуд. Маршал Георгий Константинович Жуков бошад вазири мудофиаи СССР таъйин шуд.
9.02.1923.Шӯрои Меҳнат ва Мудофиа (СТО)-и СССР қарори "Таъсиси Шӯро оид ба авиатсияи мусофиркаш" ва "Вогузории назорати техникии хатҳои ҳавоӣ ба зиммаи Раёсати асосии флоти ҳавоӣ"-ро қабул кард. Ин рӯз дар собиқ СССР чун рӯзи таваллуди авиатсияи мусофирбар ҷашн гирифта мешуд.
9.02.1934.Таъсиси Антантаи Балканӣ. Чунин ном дошт Иттиҳоди нави ҳарбӣ-сиёсӣ миёни Юнон, Руминия, Туркия ва Югославия. Иттиҳоди нав бо кӯмаки фаронсавиҳо ва англисҳо таъсис ёфта, пеш аз ҳама зидди Иттиҳоди Шӯравӣ нигаронида шуда буд.
9.02.1984. Котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ-Юрий Владимирович Андропов аз олам чашм пӯшид.
10.02.1918.Баъд аз Санкт-Петербург дар Маскав низ роҳпаймоии анбӯҳи мардум бар зидди Декрети нави болшевикон "Оид ба ҷудоии давлат ва калисо" ба вуқуъ пайваст. Болшевикон ба ин роҳпаймоӣ эътиное накарданд ва декрети дигарро таҳти унвони "Мубориза бо ҷиноятҳо алайҳи инқилоб, ки тавассути истифодаи нашрияҳо сурат мегиранд" қабул карда, Суди инқилобии нашриётро таъсис доданд.
10.02.1946. Аввалин интихобот ба Шӯрои Олии СССР.
11.02.1934.Таъсиси шаҳри Қарағанда дар РСС Қазоқистон. Ин шаҳр баъди чанде яке аз асоситарин марказҳои нигаҳдории зиндониён дар СССР табдил дода шуд.
12.02.1940 СССР бо Олмон созишномаи байнидавлатиро ба имзо расониданд. Тибқи он кишвари Шӯроҳо ба немисҳо озуқаворӣ медод ва дар ивазаш техникаи немисиро мегирифт.
14.02.1956.Ифтитоҳи Анҷумани ХХ-уми ҲКИШ. Дар нишасти пӯшидаи ин Анҷуман Никита Сергеевич Хрушев шахспарастии Иосиф Виссарионович Сталинро мавриди муҳокима қарор дод.
М.Салимшо