Баъди ин мукофот Власов сардори армияи зарбазанӣ 2-юм таъйин гардид ва мебоист Ленинградро аз муҳосира озод кунад. Аммо ин амалиёт барои Маскав бебарор анҷом ёфт. Армияи 2-юми зарбазан ба муҳосира афтид ва Власов худашро таслим кард. Власов ягона генерали Артиши сурх гардид, ки бо немисҳо ҳамкорӣ кард ва ҳатто артиши махсусеро таъсис дод.
22.02.1980. Муқовимати шадиди мардуми афғон фармондеҳии Артиши шӯравиро водор кард, ки дар Кобул ҳолати ҷангиро эълон намоянд.
23.02.1918. Дар РСФСР даъвати оммавии мардум ба Артиши Сурх эълон гардид. Чанде қабл артиши немис ба ҳуҷум гузашта буд ва боқимондаҳои артиши подшоҳии рус бошанд майдонро холӣ карда буданд. Солҳои тӯлонӣ 23 феврал дар собиқ СССР чун Рӯзи Артиши Шӯравӣ ва Флоти Ҳарбӣ-Баҳрӣ ҷашн гирифта мешуд.
23.02.1935. Дар СССР ходими давлатӣ ва ҳизбӣ-Николай Иванович Ежов сарвари Комиссияи назорати ҳизбии ВКП(б) таъйин карда шуд. Сталин баъди чанде Ежовро сарвари НКВД (Народный комиссариат внутренних дел) таъйин кард ва бо дасти ӯ аз тамоми рақибони сиёсиаш халос шуд.
23.02.1943. Сталин Ҷумҳурии Мухтори Чечену-Ингушро барҳам дод. Чеченҳо ва ингушҳо бошанд ба навоҳии Шимоли дур ва Қазоқистон бадарға карда шуданд.
25.02.1946. Артиши Сурх ба Артиши Шӯравӣ тағйири ном кард.
26.02.1917. Шаби 25-ум подшоҳ Николаи 2 юм фармон дод, ки бесарусомониҳоро дар пойтахт қатъ кунанд. Думаи давлатӣ пароканда карда шуд. Аммо аз соати 12-и 26-ум таҷаммӯи нави мардумӣ оғоз гардид. Ин таҷаммӯъ низ бо истифода аз силоҳ пароканда карда шуд. Дар ҷавоб коргарон ба сохтани барикадаҳо шурӯъ карданд ва дар Петроград корпартоии умумӣ оғоз гардид. Баъди чанде нерӯҳои низомӣ низ ба коргарон пайвастанд ва инқилоби Февралии Русия сар шуд.
27.02.1937. Дар пленуми КМ ВКП(б) Николай Ежов, ки он шабу рӯз ба НКВД сарварӣ мекард, аъзои собиқи Бюрои сиёсӣ Николай Иванович Бухарин ва Алексей Иванович Рыковро ба исён алайҳи ҳизб айбдор кард. Бухарин ва Рыков аз сафи ВКП(б) хориҷ карда шуданд ва ҳардуро ба ҳабс гирифтанд.
27.02.1921. Шӯриши баҳрнавардон дар Кронштадт. Баҳрнавардон (матросҳо) такягоҳи асосии болшевикон замони инқилоб ба шумор мерафтанд. Аммо баъди ҷанги гражданӣ аз ҳукмати болшевикон ноумед шуданд. Шиори асосии шӯришгарон "Ҳамаи ҳокимият ба Шӯроҳо, на ба ҳизбҳо!" буд. Артиши сурх баъди 18 рӯз шӯришро пахш кард. Бо вуҷуди ин шӯриш сиёсати болшевиконро каме тағйир дод ва дар кишвар сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП-Новая экономическая политика) роҳандозӣ гардид.
М.Салимшо