14.02.1949. Дар СССР журналисти амрикоӣ Анна-Луиза Стронг бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир карда шуд. Анна чандин бор ба СССР сафар намуда буд ва яке аз муассисони рӯзномаи “The Moskov News” ба шумор мерафт.
14.02.1961 Иттиҳоди Шӯравӣ аз аъзои СММ даъват кард, ки Шӯрои Амнияти СММро пароканда кунанд.
14.02.1988. Дар шаҳри Лениград китобхонаи Академияи улуми СССР оташ гирифт. Он бузургтарин сӯхтор дар таърихи китобхонаҳои СССР ба шумор меравад ва дар натиҷаи он ба 4 млн. китоб осеби ҷиддӣ расид.
15.02.1919.Дар Петроград шоир Александр Блок ба ҳабс гирифта шуд. Шоирро дар хонаи истиқоматиаш дастгир намуданд. Он шабу рӯз болшевикон алайҳи эссерони чап муборизаи беамон мебурданд ва Блок бошад достони "Дувоздаҳ"-и худро дар нашрияи "Дирафши меҳнат", ки ба эссерони чап тааллуқ дошт, чоп намуда буд. Албатта шоирро баъди 2 рӯз озод карданд.
15.02.1947. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори ҳукумат издивоҷ миёни шаҳрвандони шӯравӣ бо хориҷиён манъ карда шуд.
15.02.1989. Артиши Шӯравӣ ба пуррагӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуд. Ин рӯзро дар собиқ Иттиҳод чун рӯзи ёдбуди ҷанговарони-интернатсионалист қайд мекарданд.
16.02.1938. Иосиф Виссарионович Сталин дастур дод, ки тамоми нусхаҳои китоби Вара Смирнова "Зиндагиномаи Сталин барои кӯдакон" сӯзонда шаванд. Доҳии болшевикон иброз намуд, ки дар ин китоб нишонаҳои шахспарастӣ мавҷуданд.
18.02.1932. Дар ҳудуди Манҷурияи Чин давлати дастнишондаи японӣ бо номи Манҷоу-Го таъсис ёфт, ки ба он имепатори собиқи чинӣ Пу И. сарварӣ мекард. Давлати нав худро аз Чин мустақил эълон намуд.
18.02.1945. Рӯзномаи "Правда" хабар дод, ки ҳукумати Полша аз СССР барои барқарории кишвараш баъди ҷанг дархости кумак кард. Ҳукумати СССР қарор дод, ки барои муайян кардани хисорот ба Полша комиссияи махсусе равона кунад ва инчунин 50%-и хароҷоти барқароркунии Варшаваро ба ӯҳда гирифт.
19.02.1921. Аввалин шумораи рӯзномаи "Труд" (“Меҳнат”) рӯи чоп омад. "Труд" яке аз серхонандатарин рӯзномаҳои шӯравӣ буд ва соли 1990 ҳатто ба китоби Гиннес ворид гардид. Он шабу рӯз теъдоди рӯзнома 21,5 млн нусхаро ташкил намуд.
М.Салимшо