21.03.1921.Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Гурҷистон.
21.03.1937.Бо қарори ШКХ СССР дар Иттиҳоди Шӯравӣ дараҷа ва рутбаҳои илмӣ ҷорӣ карда шуданд. Ба дараҷаҳои илмӣ номзад ва доктори илм ва ба рутбаҳо бошанд, ассистент, дотсент ва профессорҳо шомил гардиданд.
21.03.1986. Оғози сафари хонандаи шӯравӣ Катя Лычева ба ИМА. Ин мактабхони шӯравӣ бо "миссияи сулҳ" ба ИМА сафар карда, тӯли 2 ҳафта аз тамоми иёлотҳо дидан кард.
22.03.1933. Дар шаҳри Дахауи Олмон аввалин лагери консентратсионӣ дар Олмони гитлерӣ таъсис дода шуд. Ба ин лагер асосан яҳудиён ва коммунистони немис равона мегардиданд.
22.03.1941.Дар вилояти Киеви РСС Украина шаҳри Чернобил таъсис дода шуд. Баъдан дар ин шаҳр нерӯгоҳи атомӣ бунёд ва с.1986 ба садама дучор гардид.
23.03.1982.Ҳангоми сафари корӣ ба Узбакистон, котиби генералии КМ ҲКИШ Леонид Илич Брежнев дар корхонаи авиатсионии Тошканд назди мардум баромад намуд. Дар айни баромади ӯ яке аз майдончаҳо шикаст ва болои Брежневу Рашидов фурӯ рехт. Дар натиҷа ӯ чанд ҷароҳат бардошта, дасти росташ шикаст.
25.03.1917. Иосиф Сталин ва Лев Каменев аз бадарғаи Сибир ба Петроград баргаштанд.
25.03.1940.Гитлер ба роҳбари СССР-Сталин пешниҳод намуд, бо ҳам вохӯранд ва масоили марзҳои Полшаро ҳаллу фасл кунанд. Аммо Сталин аз дидор бо фюрер сарфи назар кард.
25.03.1941. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотҳои сталинӣ роҳандозӣ шуданд. Он баъдан ба мукофоти давлатӣ табдил дода шуда, андозаашон 100, 50 ва 25.000 рублро ташкил медод.
26.03.1960. Бо қарори ФИФА мусобиқаи нави футбол - Ҷоми дорандаи Ҷомҳои кишварҳои аврупоӣ (УЕФА) роҳандозӣ шуд. Футболбозони шӯравӣ ҳам дар ин мусобиқа ширкат меварзиданд ва тимҳои Динамои Киев (солҳои 1975, 1986), Динамои Тбилисӣ (1981) ва Динамои Маскав (1972) дар ин мусобиқа пирӯз гардида буданд.
28.03.1956.Дар рӯзномаи "Правда" мақолаи "Чаро шахсиятпарастӣ ба рӯҳи марксистӣ-ленинӣ бегона аст?" рӯи чоп омад. Ин мақола аввалин танқиди Сталин дар матбуоти шӯравӣ ба шумор меравад.
28.03.1971.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли автомобили "Жигулӣ" ба роҳ монда шуд.
М.Салимшо
Аз ҳабси Романовҳо то сафари Катя
21.03.1917. Дар Русия оилаи Романовҳо ба ҳабс гирифта шуд. Қарори ҳабси шоҳро Шӯрои петроградии коргарон ва аскарон ба Ҳукумати муваққат пешниҳод намуд. Дар сурати радди ин иқдом аз ҷониби Ҳукумати муваққат, Шӯро тасмим гирифт худсарона Николайи 2-ро ба ҳабс бигирад. Билохира, шоҳ ва аҳли оилааш ба ҳабс гирифта шуда, ба Таболск бадарға шуданд ва баъди 1 сол аз ҷониби болшевикон ба қатл расонида шуданд.
21.03.1919.Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Венгрия. Ин ҷумҳурӣ муддати зиёд давом накард ва аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи румин сарнагун карда шуд.
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар