ХАБАРИ ДОҒ

5 соли зиндон барои кордгирӣ!

  • Панҷшанбе, Апр 05 2018


29.03.1940. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо фармони Комиссариати халқии мудофиа Академияи ҳарбии ҳайати қумандонӣ-новбари (штурмовик)-и Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ (ВВС) таъсис дода шуд. Академия ҳайати фармондеҳии нерӯҳои ҳавоиро тайёр мекард ва аз с.1968 ба Академияи ҳарбӣ-ҳавоии ба номи Ю.Гагарин тағйири ном кард.

29.03.1973. Анҷоми ҷанги Ветнам. Дар ин рӯз Артиши амрикоӣ аз ҳудуди Ветнам бароварда шуд ва режими Ветнами ҷанубӣ дигар ба танҳоӣ алайҳи нерӯҳои коммунистии шимоли Ветнам натавонист муқовимат кунад. Ҷанги Ветнам яке аз даргириҳои хунини ҷанги сард ба шумор меравад ва зиёда аз 10 сол тӯл кашид.
30.03.1935. Дар СССР барои ғайриқонунӣ гирифта гаштани корд ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ гардид. Аз ин ба баъд ашхоси мусаллаҳ бо кордро дар аввалин кишвари Шӯроҳо ба мӯҳлати 5 сол равонаи зиндон мекарданд.
31.03.1954.Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳбарияти НАТО муроҷиат кард ва аз онҳо хост, ки СССРро ба узвияти ин созмон бипазиранд. Масъулини НАТО баъди баррасии ин дархост ба ҷониби СССР ҷавоби рад доданд.
31.03.1980.Котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ-Леонид Илич Брежневро барои навиштани асарҳои безаволаш "Замини хурд" ва "Таҷаддуд" бо ҷоизаи Ленинӣ дар соҳаи адабиёт қадрдонӣ карданд.
1.04.1923. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи "Огонёк" рӯи чоп омад. Он баъди чанде ба яке аз маъруфтарин нашрияҳои Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт.
1.04.1946. Дар СССР маркази атомии "Арзамас-16" таъсис дода шуд. Ин марказ дар вилояти Нижегородски РСФСР воқеъ гардида буд ва яке аз махфитарин шаҳракҳо дар собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт. Аввалин бомбаи атомии шӯравиро низ дар ҳамин ҷо тарроҳӣ намуда буданд.
2.04.1918. Роҳбарони "Алаш"-ҳаракати миллии қазоқ музокироти мустақими телефонӣ бо Ленин ва Сталинро анҷом дода, аз ин 2 тақозо карданд, ки ба Қазоқистон мухторияти бештаре диҳанд.
3.04.1922. Дар СССР Иосиф Виссарионович Сталин ба ҳайси котиби генералии КМ РКП(б) интихоб карда шуд.
3.04.1945. Дар шаҳраки Кошитсаи Словакия ҳукумати коммунистии Чехословакия таъсис дода шуд. Ҳукумати нав вазифаи аслиашро сохтмони давлати сотсиалистӣ дар Чехословакия номид.
3.04.1991. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Қонун "Оид ба ҳалли масоили баромадани ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҳайати Иттиҳод" ба тасвиб расид. Акнун ҷумҳуриҳо метавонистанд дар асоси ин қонун аз ҳайати СССР хориҷ шаванд.
4.04.1949.Таъсиси иттиҳоди НАТО. Он кишварҳои аврупоӣ ва Амрикои шимолиро муттаҳид намуд ва алайҳи СССР ва иттифоқчиёнаш равона гардида буд.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter