26.07.1975. Раиси КГБ СССР Юрий Андропов ба КМ ҲКИШ тавсия дод, ки хонаи муҳандис Ипатевро дар ш.Свердловск хароб кунанд. Дар ин хона с.1918 охирин подшоҳи Русия Николайи 2 бо аъзои хонаводааш аз ҷониби болшевикон ба қатл расонида шуд.
27.07.1925. КМИ ва ШКХ СССР бо қарори худ Академияи илмии Русияро муассисаи олии илмии СССР эълон намуд.
27.07.1985. Дар Маскав Фестивали XII умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён барпо шуд, ки то 3 август идома дошт ва онро сарвари СССР Михаил Горбачев ифтитоҳ бахшид.
27.07.1990. Шӯрои Олии РСС Белорусия Эъломияи соҳибистиқлолии давлатии Белорусияро ба имзо расонид.
28.07.1944.Артиши шӯравӣ дар рафти ҶБВ ш.Брестро аз ишғоли немисҳо озод кард. Брест дар оғози ҷанг 1 моҳи дароз зидди немисҳо муқовимат кард ва унвони қаҳрамоншаҳрро соҳиб шуд.
28.07.1957.Дар Маскав Фестивали VI байналмиллалии ҷавонон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт, ки аввалин фестивали ҷаҳонӣ дар СССР ба шумор мерафт ва дар он 34.000 ҷавонон ва духтарон аз 131 кишвари дунё ширкат варзиданд.
28.07.1988.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар маросими ғайрирасмӣ иҷозат дода шуданд.
29.07.1974.Дар СССР бо фармони раиси КГБ Юрий Андропов гурӯҳи зудамали "Алфа" барои мубориза бо терроризм таъсис дода шуд.
30.07.1937.Дар СССР "сегонаҳои" фавқуллоддаи НКВД ҳуқуқи баровардани ҳукми қатл барои "душманони халқ"-ро соҳиб шуданд.
31.07.1956. КМ ҲКИШ қарори рушди сохтмони манзилиро дар СССР қабул кард. Бо ин қарор дар СССР сохтмони манзилҳои 4 ва 5-ошёнаи панелӣ, ки бо номи "хрушевкаҳо" маъруфанд, роҳандозӣ шуд.
1.08.1939. Дар ш.Маскав Намоишгоҳи умумииттиҳодии хоҷагии қишлоқ кушода шуд, ки он с.1959 ВДНХ ном гирифт ва с.1992 бошад ба Маркази намоишгоҳии умумирусиягӣ тағйири ном кард.
Меҳрубон
Салимшоев