ХАБАРИ ДОҒ

Аз фюрери немис то қатли Власов

  • Панҷшанбе, Авг 09 2018


2.08.1930. Дар наздикии шаҳри Воронеж аввалин бор дар ҷаҳон десанти ҳавоӣ фароварда шуд. Ин рӯзро дар собиқ СССР чун Рӯзи нерӯҳои десантӣ-ҳавоӣ бо тантана ҷашн мегирифтанд.
2.08.1933.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ канали Беломоро-Балтийск ифтитоҳ ёфт. Ин канал баҳри Сафедро бо кӯли Онега мепайваст ва 227 км масоҳат дошт. Канал ба номи Сталин гузошта шуд, ки яке аз сохтмонҳои бузурги 5-солаи аввал ба шумор мерафт. Иншооти мазкур пурра бо дасти маҳбусон сохта шуда буд.
2.08.1934. Баъди марги президенти Олмон Гинденнбург, Адолф Гитлер фюрери миллати немис эълон карда шуд.

2.08.1946. Дар СССР генерал-лейтенант А.А.Власов-фармондеҳи Артиши озодибахши Русия ба қатл расонида шуд. Ӯ с.1942 худро ба немисҳо таслим кард ва яке аз афсарони олирутбаи шӯравӣ буд, ки бо немисҳо ҳамкории зич дошт.
3.08.1929.Дар СССР аввалин стансияи автоматикунонидаи телефонӣ (АТС) ба кор шурӯъ кард.

Он дар шаҳри Ростови лаби Дон бо кумаки ширкати шведии "Эриксон" ифтитоҳ ёфт ва ба 6000 рақами телефонӣ хизмат мерасонд.

4.08.1962.Роҳбари Кунгураи Миллии Африқо Нелсон Мандела дар Африқои Ҷанубӣ зиндонӣ шуд. Ӯ 28 сол дар зиндон монд ва ба сумбули муборизаи аҳолии сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ барои озодӣ аз низоми нажодпарастонаи апартеид  табдил ёфт.
5.08.1939. Ҳангоми муҳорибаи Халхин-Гол ҳавонаварди шӯравӣ Михаил Юкин аввалин шуда дар ҷаҳон тайёраи сӯзони худро ба болои қатораи мошинҳои душман равона кард.
5.08.1943.Дар шаҳри Маскав аввалин салюти пирӯзӣ дар рафти ҶБВ доир шуд. Ин салют ба озод кардани шаҳрҳои Белгород ва Орёл дар рафти муҳорибаи Курск бахшида шуда буд.
5.08.1956. Дар варзишгоҳи ба номи Ленини ш.Маскав аввалин спартакиадаи халқҳои СССР доир шуд.
5.08.1975. Дар СССР роҳи оҳани Тюмен-Сургут ифтитоҳ ёфт, ки яке аз муҳимтарин роҳҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт ва навоҳии нафту газдори Сибири Ғарбиро ба ҳам мепайваст.
6.08.1961.Дар СССР киштии кайҳонии "Восток-2" ба фазои кайҳонӣ бароварда шуд. Киштиро кайҳоннавард майор Герман Титов идора мекард ва ин дуввумин парвози кайҳонӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт.
6.08.1992. Ҳукумати Русия ба ивази баровардани нерӯҳои Артиши Шӯравии собиқ аз қаламрави кишварҳои соҳили Балтика, аз ҳукумати Латвия, Эстония ва Литва 7,7 млрд доллар талаб кард.
7.08.1932.Дар СССР барои дуздии моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳаҷми калон ҳукми қатл ҷорӣ карда шуд. Ин қонун миёни мардум "қонуни сехӯшача" ё "фармони ҳафту-ҳашт" ном гирифт.
8.08.1945. Иттиҳоди Шӯравӣ бо Япония ҷанг эълон кард ва нерӯҳои Артиши Сурх вориди Манҷурия ва Кореяи Шимолӣ гардиданд.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter