31.08.1920. Дар заводи "Сормовое Сурх" аввалин тонки шӯравӣ сохта шуд. Он дар асоси тонки фаронсавии ширкати "Рено" сохта шуда буд ва номи олии "Мубориз барои инқилоб рафиқ Ленин"-ро гирифт.
31.08.1925.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ таълими ибтидоии ҳамагонӣ дар мактабҳои миёна ҷорӣ карда шуд.
31.08.1935.Ангишткани донбасӣ Алексей Стаханов меъёри истихроҷи рӯзонаи ангиштро 14 баробар афзоиш дод ва заминасози "ҳаракати стахановӣ" дар аввалин кишвари Шӯроҳо гардид.
1.09.1939.Олмони гитлерӣ ба Полша дарафтод ва ҷанги ҷаҳонии 2-ум оғоз шуд.
1.09.1991. РСС Узбекистон соҳибистиқлолии худро эълон намуд.
2.09.1918. Лев Давидович Тротский сарфармондеҳи олии Артиши Сурх таъин шуд. Дар Сибир бошад аз ҷониби гвардиячиёни сафед генерали рус Александр Александрович Таубе дастгир карда шуд. Таубе аввалин генерали артиши подшоҳии рус буд, ки ба тарафи болшевикон гузашт.
2.09.1945. Япония дар болои киштии амрикоии "Миссурӣ" таслими бечунучарои худро имзо кард ва бо ҳамин ҷанги ҷаҳонии 2 ба охир расид.
3.09.1933. Евгений Аблаков-кӯҳнаварди шӯравӣ Коммунизм-қуллаи баландтарини Иттиҳоди Шӯравиро фатҳ кард. Қулла бо 7495 метр баландӣ имрӯз номи И.Сомониро дошта, баландтарин қуллаи кӯҳии Тоҷикистон аст.
4.09.1945. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Кумитаи Давлатии Мудофиа (ГКО) ба фаъолияти худ хотима дод.
4.09.1962. Оғози буҳрони Кариб: президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ роҳбари Куба Фидел Кастроро ҳушдор дод, ки ҳар иқдоми ҳарбии Кубаро дар минтақа саркуб хоҳад кард. Дар ҷавоб Маскав ба ИМА таъкид кард, ки ҳамлаи низомии ИМА ба Куба бо ҷанг бо СССР мунҷар мегардад.
5.09.1918. Шӯрои Комиссарони халқии РСФСР бо декрети махсус "террори сурх"-ро дар Русия оғоз намуд.
Меҳрубон
Салимшоев