8.09.1941.Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ ба наздикии Ленинград расид ва шаҳрро ба муҳосира гирифт. Муҳосираи Ленинград 3 сол тӯл кашида, дар натиҷаи он қариб 1 миллион сокинони шаҳр ба ҳалокат расиданд.
8.09.1970.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низомномаи мактабҳои таҳсилоти миёна ҷорӣ карда шуд.
9.09.1933. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав нашриёти "Адабиёти кӯдакона" роҳандозӣ гардид.
9.09.1970. Дар СССР истеҳсоли мошинҳои сабукравӣ "Жигули" - ВАЗ- 2101 ба роҳ монда шуд.
9.09.1991. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Ин рӯз дар кишвари мо чун рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.
10.09.1918. Нерӯҳои армияи 5-уми Артиши Сурх таҳти фармони П.Славен дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри Қазонро ишғол намуданд. Ин аввалин пирӯзии Артиши Сурх дар рафти ҷанги шаҳрвандии Русия ба шумор меравад.
11.09.1988. Дар РСС Эстония забони эстонӣ забони давлатӣ эълон карда шуд.
12.09.1934. Латвия, Литва ва Эстония иттиҳоди сиёсиро созмон доданд. Созишномаи иттиҳоди нав дар Женева ба имзо расид ва дар таърих бо номи Антантаи Балтикӣ маъруф гашт.
13.09.1953. Никита Хрушёв котиби якуми ҲК Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб карда шуд.
13.09.1959. Фазопаймои шӯравии Моҳ-2 аввалин шуда дар ҷаҳон ба сатҳи Моҳ фуруд омад.
13.09.1968. Албания аз Ташкилоти созишномаи Варшава берун омад.
Меҳрубон
Салимшоев