14.09.1954. Дар полигони Тоцки вил.Оренбург нерӯҳои Артиши Шӯравӣ машқҳои ҳарбӣ доир карданд. Ин машқҳо дар шароити таркиши воқеии бомбаи атомӣ гузаронида шуда, дар онҳо наздики 45.000 сарбози шӯравӣ ширкат варзиданд.
15.09.1924.Дар Бессарабияи ҷанубӣ (ҳоло Молдавия), ки он шабу рӯз ба ҳайъати Руминия шомил мешуд, шӯриши мардумӣ сар зад. Шӯришгарон талаб мекарданд, Бессарабия аз Руминия ҷудо ва ба СССР шомил шавад.
15.09.1933.Генрих Ягода ба Иосиф Сталин хабар дод, ки дар Ленинград "ҷамъияти ҳамҷинсгароён" ошкор карда шуд. Чекистони шӯравӣ дар 1 рӯз зиёда аз 150 ҳамҷинсгароро ба ҳабс гирифтанд.
15.09.1935. Дар Олмон қонунҳои нав қабул гардида, “қонунҳои Нюрнберг” ном гирифтанд ва тибқи он яҳудиёни олмонӣ аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карда шуданд. Нишони давлатии Олмон бошад тибқи ин қонунҳо свастик (нишонаи 4 чиликмонанди нӯгҳояш хамида) шуд.
16.09.1918.Дар Русия ордени Байрақи Сурх таъсис дода шуд. Он яке аз аввалин мукофотҳои кишвари Шӯроҳо буду ба иштирокчиёни ҷанг супорида мешуд.
17.09.1920. Дар назди донишгоҳҳои олии Русия факултетҳои коргарӣ (рабфак) созмон дода шуданд. Дар онҳо бештар коргарон маълумоти олӣ мегирифтанд.
17.09.1932. Дар СССР бо ташаббуси Максим Горкий Донишкадаи адабиёт таъсис дода шуд. Ок солҳои тӯлонӣ яке аз асоситарин марказҳои адабиётшиносӣ дар собиқ СССР буд ва мутахассисони болаёқати зиёдеро тарбият намуд.
17.09.1941. Дар СССР таълими ҳатмии ҳарбии ҳамаи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.
17.09.1954. СССР дар ҷазираи Замини Нав полигони атомии худро таъсис дод.
18.09.1934. СССР ба ҳайъати Лигаи миллатҳо шомил шуд. Лига шабеҳи СММ имрӯза ва аввалин ташкилоти байналмилалии давлатҳо будӣ. Аммо с.1940 баъди ҳамла ба Финляндия СССРро аз ин созмон ихроҷ карданд.
Меҳрубон Салимшоев