ХАБАРИ ДОҒ

Аз манъи аборт то дастаи ҳавоӣ

  • Чоршанбе, Нояб 28 2018


22.11.1934. КИМ СССР ва ШКХ СССР дастуруламал оид ба Комиссариати халқии мудофиаро ба тасвиб расонид. Комиссариати нав тавассути ба ҳам омадани Комиссариати халқии корҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва Комиссариати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ созмон дода шуд.
23.11.1955. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР "манъи исқоти ҷанин (аборт)" бекор карда шуд. Тибқи қарори нав, ҳар зан худ масъалаи модар шуданро мебоист ҳал мекард ва агар мехост сиқти ҷанин мекард. Ин қонун то ба имрӯз ҳам дар бештари ҷамоҳири собиқ Иттиҳод амал мекунад.
25.11.1918. Розике Швиммер фаъоли зидди ҷанги (патсефист) венгерӣ, сафири ин кишвар интихоб карда шуд. Ӯ аввалин сафири зан дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ гардид.
25.11.1926. КМ ВКП(б) қарор оид ба сохтмони Днепрогэсро ба тасвиб расонид. Он яке аз бузургтарин сохтмонҳои индустриалии СССР гардид ва дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд. Замони ҶБВ онро хароб ва баъди ҷанг дар зарфи муддати кӯтоҳ дубора бунёд карданд.

26.11.1942.Миёни ҳукумати СССР ва намояндагони ҳукумати дар муҳоҷират будаи Фаронса созишномае ба имзо расид, ки тибқи он дар ҳудуди СССР дастаи ҳавоии фаронсавӣ созмон дода шавад. Ин даста баъди чанде ба полки ҳавоӣ табдил ёфт ва бо номи "Нормандия-Несан" дӯшодӯши ҳавонавардони шӯравӣ бо немисҳо меҷангид.

26.11.1992. Дар Ҷумҳурии Литва Алгирдас Бразаускас-собиқ котиби аввали ҲКи ин кишвар ба ҳайси президенти Литва интихоб шуд.
26.11.1917. Дар назди девори Кремли Маскав ҷасади 238 қаҳрамони инқилоби Октябрӣ ба хок супорида шуданд. Баъди 3 рӯз дар ҳамин мавзеъ ҷасади юнкерҳо, ки зидди ҳамин қаҳрамонон меҷангиданд, ба хок рафтанд. Болшевикон ин маросимро таҳаммул карданд, аммо баъди чанде қабристони бародариро барҳам заданд.
26.11.1924. Муғулистон ҷумҳурии халқӣ эълон карда шуд ва дар ин кишвар якумин Сарқонун тавассути хурали бузурги мардумӣ қабул карда шуд. Муғулистон баъди ин ба лагери сотсиалистӣ ҳамроҳ шуд ва ҳудуди ин лагер 2 баробар афзуд.
26.11.1971. Дар СССР бо қонуни махсус ҳаҷми ниҳоии музди меҳнати моҳонаи коргарон ва хизматчиён 70 рубл муайян шуд. Ин ҳаҷми музди меҳнат дар 20 соли оянда қариб бе тағйир боқӣ монд.
27.11.1923. Дар СССР комиссияи хос оид ба мубориза бо самогон, кокаин ва бозиҳои шавқовар созмон дода шуд.
27.11.1971. Киштии кайҳонии шӯравӣ "Марс-2" бо сатҳи сайёраи Миррих копсулеро ба байрақчае, ки дар он герби СССР нигошта шуда буд, фуруд овард. Дастгоҳи фурудовар ҳини фурудоӣ ба садама дучор шуд, лек бо вуҷуди ин, байрақча бо герби СССР аввалин ашёе шуд, ки аз сатҳи замин ба Миррих бурда шуд.
28.11.1918. Дар Русияи шӯравӣ барои роҳбарии ҷанги гражданӣ Шӯрои мудофиаи коргарӣ-деҳқонӣ созмон дода шуд. Ба Шӯро бевосита худи Ленин роҳбарӣ мекард.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter