ХАБАРИ ДОҒ

Гӯри котиби генералӣ фурӯ рафт!

  • Чоршанбе, Нояб 21 2018


15.11.1920. Дар Женева-пойтахти Шветсария аввалин нишасти Ассамблеяи Лигаи Миллатҳо доир шуд.
15.11.1923. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Раёсати Асосии Сиёсӣ (ГПУ) ба Раёсати Асосии Сиёсии Муттаҳида (ОГПУ) тағйири ном кард. Ниҳоди нав аз ҳайати НКВД бароварда шуда, вазоифи ҷазодиҳӣ низ аз он гирифта шуд.
15.11.1932. Дар собори (калисои ҷомеъ)-и Казани ш.Ленинград Осорхонаи дин ва атеизм ифтитоҳ ёфт. Он яке аз асоситарин марказҳои ошноӣ бо адёни ҷаҳонӣ дар собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт.
15.11.1982. Дар Маскав маросими дафни котиби генералии КМ ҲКИШ Леонид Брежнев барпо шуд. Брежневро дар Майдони сурхи Маскав ба хок супориданд. Ҳангоми дафн тобут канда шуда, бо шаст ба дохили гӯр фурӯ рафт.
16.11.1920. Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ шаҳри Керчро тасарруф кард. Бо ишғоли Керч нимҷазираи Қрим пурра ба дасти болшевикон гузашта, артиши сафедҳо охирин такягоҳи худро аз даст дод. Боқимондаҳои артиши генерал Врангел бошанд тариқи киштиҳо ба Туркия ва тунис интиқол дода шуданд.

16.11.1933. Иттиҳоди Шӯравӣ ба ИМА муносибатҳои дипломатии худро ба пуррагӣ ва расман барқарор намуд.
16.11.1965.Дар СССР киштии кайҳонии бе сарнишини "Венера-3" (Зӯҳра) ба фазои кайҳонӣ бароварда шуд. Ин киштӣ баъди чанде бо муваффақият ба сатҳи сайёраи Зӯҳра фуруд омад.
17.11.1923. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар ниҳоди корҳои дохила хадамоти нозирони минтақавӣ созмон дода шуд. Ин рӯзро аз с.2002 дар Русия чун рӯзи нозирони минтақавии милиса ҷашн мегиранд.
17.11.1938. Дар СССР қарори ШКХ ва Бюрои сиёсӣ "Оид ба ҳабскунӣ, назорати прокурорӣ ва бурдани тафтишот" ба тасвиб расид. Тибқи қарор дар кишвар кулли гурӯҳҳои ғайрисудӣ ("двойка" ва "тройкаҳо") барҳам дода шуда, ба ҳабс гирифтани шаҳрвандон бошад, танҳо бо қарори суд ё прокурор амалӣ мегардид.
17.11.1939.Артиши олмонӣ намоиши эътирозии донишҷӯёнро дар Прага бераҳмона пахш кард. Дар замони коммунистӣ ин рӯзро чун Рӯзи байналмилалии донишҷӯён васеъ ҷашн мегирифтанд.
17.11.1960.Дар Маскав Донишгоҳи дӯстии халқҳо ифтитоҳ ёфт. Ин донишгоҳ номи Патрис Лумумбаро гирифт ва солҳои тӯлонӣ асоситарин маркази омодасозии коммунистҳои ҷавон аз сар то сари дунё шуд.
18.11.1917. Собори 1-уми Умумирусӣ митрополити Маскав Тихонро Патриархи калисои Масква ва тамоми Русия интихоб кард. Тихон (Василий Белавин) 11-умин патриархи калисои православии рус шуд. Баъди марги ӯ дар с.1925 идораи патриархӣ аз миён бардошта шуда, патриархи нав танҳо баъди оғози ҶБВ интихоб карда шуд.
19.11.1942. Оғози амалиёти "Уран". Ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар рафти муҳорибаи Сталинград. Дар рафти ин амалиёт Артиши Сурх яке аз пирӯзиҳои муҳим ва калидии худро дар рафти ҶБВ ба даст оварданд.
20.11.1945. Оғози мурофиаи Нюрнберг. Дар Нюрнберги Олмон мурофиаи судие ифтитоҳ ёфт, ки дар он 24 роҳбари аршади Рейхи саввум муҳокима гардиданд.
21.11.1918. Дар Русияи шӯравӣ монополияи давлатӣ ба савдои дохилӣ ҷорӣ карда шуд. Ин амалкард боиси ҷорӣ шудани сиёсати "коммунизми ҳарбӣ" гардид.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter