8.12.1938. Дар СССР ба ҷои Николай Ежов, Лаврентий Берия ба вазифаи сардори НКВД (Народный комиссариат внутренних дел) таъин гардид. Баробари таъин шудан Берия кадрҳои кӯҳнаи НКВДро аз кор холӣ намуд. То моҳи марти соли 1939 дар тамоми вазифаҳои калидии ин ниҳод аллакай одамони Берия фаъолият мекарданд.
8.12.1991. Дар Бешаи Беловежск (Беловежская пуща) президенти Русия Борис Николаевич Елтсин бо ҳамтои украинаш-Леонид Макарович Кравчук ва Раиси Шӯрои Олии Белорус-Станислав Станиславович Шушкевич созишномаи парокандашавии СССР ва таъсиси СНГро ба имзо расониданд.
9.12.1918. КИМ Русияи Шӯравӣ Кодекси қонунҳои меҳнатро ба тасвиб расонид.
9.12.1989. Дар СССР интишори рӯзномаи "Коммерсантъ-daily" ба роҳ монда шуд. Рӯзномаи иҷтимоӣ-сиёсии "Комерсантъ" аз соли 1909 дар Русия нашр мешуд ва бо омадани болшевикон ба сари қудрат дар соли 1917 нашри рӯзнома қатъ карда шуд.
10.12.1926. Дар шаҳри Ленинград, дар корхонаи Трести истеҳсолоти оммавӣ аввалин мошинҳои сӯхторхомӯшкунии шӯравӣ сохта шуданд.
10.12.1948. Созмони Милали Муттаҳид (ООН) Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро қабул кард. Ин рӯз аз соли 1950 аз ҷониби СММ чун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад.
11.12.1931. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ қабул карда шуданд.
12.12.1926. Дар шаҳри Ленинград аввалин корхонаи селлюлоизӣ (целлюлоза) дар СССР сохта ба истифода дода шуд.
Меҳрубон Салимшоев