ХАБАРИ ДОҒ

Аз суқути гетман то “Главкинопрокат”

  • Панҷшанбе, Дек 20 2018


14.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо қарорри махсуси ШКХ тамоми бонкҳо дар қаламриви кишвар миллӣ кунонида шуданд.
14.12.1918. Дар Украина гетман Павел Петрович Скоропадский аз қудрат сарнагун карда шуд. Ӯ яке аз чеҳраҳои пушти парда мондаи сиёсатмардони украинист. Фарзанди заминдори калони губернияҳои Полтава ва Чернигов буд ва ин оила яке аз доротарин дар Украинаи пешазинқилобӣ буд. Павел олитарин таҳсилоти ҳарбиро дар Русияи подшоҳӣ гирифта, аллакай дар ҷанги русу япон дар с.1904 фаъолона ширкат варзид. Майи с.1905 аллакай ба вазифаи адютанти Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи пиёданизом ва баҳрӣ, ки алайҳи Япония меҷангиданд, генерал Н.Линевич таъин шуд. Дар ҷанги русу япон соҳиби 6 орден, аз ҷумла, “Аннаи муқаддас” ва аслиҳаи тиллоии "Барои шуҷоат" шуд. С.1912 императори рус ӯро соҳиби рутбаи генерал-майор гардонида, вориди "Аҳли рикоб"-и худ кард. Гетман дар ҷанги ҷаҳонии 1 низ ба ҳайси генерали ҷангӣ ширкат карда, дар оғоз ба полки савора фармондеҳӣ мекард. С.1915 фармондеҳи дивизияи 5-и савора таъин карданд. Баъди 2 сол ӯ корпуси 34-и савораро сарварӣ намуд. Августи с.1917 бо маслиҳати Карнилов ҳайъати миллии корпуси худро тағйир дод.

Афсарон ва аскарони руси корпусро ба қисмҳои дигар ва ба ҷои онҳо афсарону аскарони миллаташон украинро оварданд. Баъди анҷоми амалиёт корпуси 34 ба Корпуси 1-и украинӣ тағйири ном карда, ҳини сари қудрат омадани болшевикон, яке аз коромадтарин воҳидҳои низомӣ дар Украина буд. Павел дар оғоз аз сафедҳо ҷудо шуда, аз Радаи Украина ҳимоят кард. Аммо аъзои Рада ӯро дӯст намедоштанд ва наметавонистанд бовар кунанд, ки яке аз сарватмандтарин шахсон дар кишвар, аз манофеи камбағалон ҳимоя кунад. Ӯ ахир истеъфо дод, лек немисҳо ба бозӣ ҳамроҳ шуда, Радаро сарнагун карданд. Ӯ бе ҳеҷ хунрезӣ сари қудрат омад, аммо баъд деҳқонон, коргарон ва инқилобиёни украин зиддаш шӯриданд. Баъди таслим шудани немисҳо вай дубора худро ба домани Русияи бузург андохт ва ин бор миллигароёни украин ҳам аз ӯ рӯ тофтанд ва гетман сарнагун карда шуд.
15.12.1917.Дар Артиши Сурх аввалин нишонаи фарқкунанда-ситораи сурхи миноӣ (эмалӣ) ҷорӣ карда шуд.
16.12.1917.Дар РСФСР бо қарори ШКХ ташкилоти "Главкинопрокат" таъсис дода шуд. Он баъдан ба СССР кӯчид ва тамоми намоиши киноро дар кишвар назорат мекард.
17.12.1926. Дар СССР аввалин саршумории аҳолӣ баргузор гардид. Тибқи он аҳолии аввалин кишвари Шӯроҳо 147 027 915 нафарро ташкил намуд.
18.12.1925. Ифтитоҳи Анҷумани XIV РКП(б). Дар Анҷуман низомномаи нави ҳизб қабул ва номи ҲК ба ВКП(б) тағйир дода шуд. Инчунин лоиҳаи саноатикунонии СССР низ маҳсули заҳмати ҳамин Анҷуман аст.
20.12.1917. Дар Русияи шӯравӣ Комиссияи Фавқулоддаи Умумирусиягӣ (ВЧК) барои мубориза бо аксулинқилоб ва коршиканӣ таъсис дода шуд. Сарвари Кумита Феликс Дзержинский таъин шуд ва баъди чанде ба яке зӯртарин ташкилотҳои амниятии ҷаҳон табдил ёфт.
20.12.1939. Дар арафаи 60-солагии Иосиф Сталин дар СССР бо қарори ШКХ мукофоти Сталинӣ таъсис дода шуд. Ин мукофот барои ҳавасмандсозии сохтмончиёни фаъоли коммунизм, ба беҳтаринҳо тақдим мешуд.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter