12.01.1955.Дар СССР сохтмони космодром (фазопаймо)-и Байконур оғоз гардид. Байконур баъди фурӯпошии СССР ба Қазоқистон гузашт ва Русия онро то с.2050 ба иҷора гирифт.
12.01.1989. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд. Ин охирин барӯйхатгирии аҳолӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо буд ва тибқи он аҳолии СССР 286 млн. 717.000 нафарро ташкил дод.
13.01.1991.Нерӯҳои Артиши шӯравӣ бинои ТВи Вилнюсро тасарруф карданд. Ин рӯз дар Литва ҳамасола чун Рӯзи мудофеъони озодӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.
14.01.1918. Русияи Шӯравӣ ва Финляндия ба тақвими нави григорианӣ гузаштанд.
14.01.1962. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ хатти интиқоли нафтии "Дружба" (Дустӣ) ба кор даромад. Ин хат нафтро аз Сибири ғарбӣ ба Аврупо интиқол медод.
15.01.1994.Дар Туркманистон референдуми мардумӣ баргузор шуд. Тибқи он 99,9% аҳолии кишвар барои бекор намудани интихоботи президентӣ ва дароз кардани мӯҳлати президентии Сафармуҳаммад Ниёзов (Туркманбошӣ) то с.2002 овоз доданд.
16.01.1991. Оғози амалиёти "Тӯфон дар биёбон". Дар натиҷаи амалиёт нерӯҳои низомии зиёда аз 30 кишвар бо роҳбарии ИМА артиши Саддом Ҳусайнро аз Кувайт берун карданд.
Меҳрубон Салимшоев