Дар тӯли муҳосираи сесола мардуми шаҳр ба гуруснагии сахт гирифтор шуда, беш аз 1 млн аҳолии он аз гуруснагӣ мурданд.
18.01.1947. Дар СССР вилояти Сахалин таъсис дода шуд. Ба ин вилоят ҷазираи Сахалин ва галаҷазираҳои Курил шомил шуданд. Ҳамагӣ ба ин вилояти нав 59 ҷазира дохил карда шуданд, ки қисмате аз онҳоро Ҷопон то ҳол моли худ медонад.
18.01.1961. КМ ҲКИШ лоиҳаи Никита Хрушев оид ба азнавсозии хоҷагии қишлоқро ба тасвиб расонид. Тибқи ин лоиҳа дар саросари СССР кишти ҷуворимакка роҳандозӣ шуд, ки зиёни фаровоне ба иқтисоди шӯравӣ расонид.
19.01.1918. Патриархи калисои Русия Тихон ҳукумати шӯравиро такфир кард ва болшевиконро ғайридин хонд.
19.01.1946. Эрон ба СММ муроҷиат ва аз ин ниҳод хоҳиш кард, ки онро аз дахолати СССР ба корҳои дохилиаш муҳофизат кунад.
20.01.1990.Нерӯҳои Артиши Шӯравӣ ба пойтахти Озарбойҷон ш.Боку ворид карда шуданд. Ин нерӯҳо мебоист аз қатли оми арманиҳо дар Боку ҷилавгирӣ мекарданд. Дар натиҷаи амалиёти ҳарбиҳо дар Боку беш аз 200 тан ҳалок ва зиёда аз 3000 кас захмӣ шуданд. Дар Озарбойҷон ҳамасола ин рӯзро чун Рӯзи қурбониёни Озарбойҷон ёд мекунанд.
21.01.1924. Дар СССР В.Ленин дар синни 53-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ленинро 27.01.1924 дар Майдони Сурхи Маскав, дар мақбараи махсус дафн карданд.
21.01.1949. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин "бузургтарин сарлашкари ҳамаи давру замонҳо" эълон карда шуд.
Меҳрубон
Салимшоев