ХАБАРИ ДОҒ

Аввалин кассаи амонатӣ дар СССР

  • Чоршанбе, Фев 06 2019

30.01.1930. Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин радиозондро барои таҳқиқи атмосфера ба фазои ҳавоӣ баровард. Он аз ҷониби ҳавошиноси шӯравӣ Павел Молчанов ихтироъ шуда буд.

31.01.1918. Дар Петроград созмондиҳии аввалин корпуси Артиши Сурхи Коргар-Деҳқон оғоз шуд.

31.01.1924.Анҷумани 2-юми Шӯроҳои СССР лоиҳаи аввалин Сарқонуни Иттиҳоди Шӯравиро ба тасвиб расонд.

1.02.1923.Дар ш.Петроград, дар бинои №76-и кӯчаи соҳили рӯди Фонтанка аввалин кассаи амонатӣ дар СССР ифтитоҳ ёфт. Баъдан ин кассаҳо дар саросари СССР ифтитоҳ ёфта, асоситарин макони пасандозкунии пул дар аввалин кишвари Шӯроҳо буданд.

1.02.1924.Англия Иттиҳоди Шӯравиро ба расмият шинохт ва бо СССР муносибати дипломатиро барқарор намуд.

1.02.1992.Президенти Русия Борис Елтсин ва ҳамтои амрикоиаш Ҷорҷ Буши калонӣ дар шаҳри Кэмп-Девиди ИМА эъломияи якҷояро оид ба хатми ҷанги сард ба имзо расониданд. Ин ҷанг, ки беш аз 40 сол зидди СССР идома дошт, бо пирӯзии комили кишварҳои ғарбӣ ба поён расида, ба мавҷудияти аввалин кишвари Шӯроҳо дар арсаи таърих хотима дод.

2.02.1918. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети Шӯрои Комиссарони Халқӣ калисо аз давлат ва мактабҳо аз калисо ҷудо шуданд.

2.02.1943.Анҷоми ҳарби Сталинград. Артиши 6-и фелдмаршал Паулюс, ки дар шаҳри соҳили Волга ба муҳосира гирифта шуд, таслим гардида, Артиши Сурх яке аз пирӯзиҳои муҳими худро дар рафти ҶБВ ба даст овард.

 

2.02.1982.Дар СССР чархболи Ми 26 ба истифода дода шуд. Он тавонист 10 тонн борро ба баландии 6,4 км бардорад ва бузургтарин чархболи СССР будӣ.

3.02.1918.Русияи Шӯравӣ бо декрети КМИ тамоми қарзҳои дохилӣ-берунии ҳукумати подшоҳӣ ва Ҳукумати муваққатро бекор карда, аз пардохти онҳо сарфи назар намуд. Ин қарзҳо беш аз 60 млрд рубли русиро ташкил медоданд ва боиси сар задани ҳуҷуми ҳарбии кишварҳои Антанта ба РСФСР шуданд. ИМА низ бо баҳонаи напардохтани қарзҳо ҷазираи Аляскаро, ки аз Русия ба муҳлати 100 сол иҷора гирифта буд, бозпас надод.

3.02.1930. Таъсиси ҳизби коммунисти Ветнам. Ин ҳизб, ки дар оғоз нерӯи чандоне надошт, бо кӯмаки СССР оҳиста-оҳиста нерӯ гирифта, ахир қудрати сиёсиро дар ин кишвари осиёӣ соҳиб шуд.

3.02.1987.Дар СССР бо ҷурми гирифтани пора ҷонишинии аввали вазири ВКД СССР, домоди Леонид Брежнев, генерал Юрий Чурбанов ба ҳабс гирифта шуд. Баъди чанде худи вазир Шолохов низ ҳабс шуд.

5.03.1926. Дар қатораи поезди Маскав-Рига ба курери дипломатии СССР Теодор Иванович Нетте ҳуҷум карданд. Ӯ мардонавор бо ҳуҷумкунандагон зиддият нишон дода, 1 нафари онҳоро аз по афтонд, лек худаш ҳалок шуд. Ҳамроҳи ӯ дипломати дигари шӯравӣ Иоган Махмастал низ ҳузур дошт ва ҷароҳати сангин бардошт.

5.02.1960.Бо қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР дар ш.Маскав Университети дӯстии халқҳо ба номи Патрис Лумумба таъсис дода шуд, ки солҳои тӯлонӣ маркази таълим ва омодасозии кадрҳои коммунистӣ дар саросари ҷаҳон буд.

 

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter