14.02.1918.Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Декрет "Дар бораи Флоти Сурхи Коргарӣ-Деҳқонӣ"-ро нашр кард. Инчунин бо декрети дигари ШКХ тамоми заминҳо дар РСФСР моликияти давлатӣ эълон шуданд.
14.02.1974. Дар СССР нависанда Александр Солженитсин ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ бо фармони Раёсати ШО СССР "Барои фаъолияти муназзам, ки бо мақоми шаҳрванди СССР мутобиқ набуданд ва барои расонидани зарар ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ" аз шаҳрвандии СССР маҳрум ва аз СССР табъид шуд.
14.02.1956. Дар Маскав, пойтахти СССР Анҷумани ХХ-и ҲКИШ баргузор шуд. Ин Анҷуман дар таърихи навини Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи хосе дошт ва бори аввал дар он фаъолияти роҳбарияти олии кишвар ва шахси Иосиф Сталин зери танқиди сахт гирифта шуд.
15.02.1957. Вазири корҳои хориҷии СССР Андрей Громико таъин шуд. Ӯро мешавад яке аз муваффақтарин вазири корҳои хориҷии СССР номид. Ӯ 28 сол дар ин вазифа кор карда, маҳз замони вазирии ӯ СССР назаррастарин пирӯзиҳоро дар сиёсати хориҷии худ ба даст овард.
15.02.1989.Артиши шӯравӣ ба пуррагӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуд. Армияи 40 тавассути Тирмиз ин кишварро тарк кард ва вориди хоки СССР шуд.
16.02.1951. Роҳбари СССР Иосиф Сталин СММ (СММ)-ро "олати ҷанги таҳоҷумӣ" унвон кард.
17.02.1947. Радиои "Садои Амрико" пахши барномаҳои худро барои Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз кард.
19.02.1921. Дар Русияи Шӯравӣ аввалин шумораи рӯзномаи "Труд" ба чоп расид. Он яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои СССР буд ва то авохири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ бо теъдоди зиёде нашр мешуд.
Меҳрубон
Салимшоев