Январи с.1948 комиссия ба Кумитаи давлатии лоиҳавӣ дар назди Шӯрои Вазирони СССР тағйири ном кард, аммо моҳияташро аз даст надод.
23.02.1918. Дар СССР даъвати оммавии ихтиёриён ба Артиши Сурхи тозатаъсис оғоз гардид. Сабаби даъвати оммавӣ ҳуҷуми навбатии артиши олмонӣ ва фирори оммавии размандагон аз Артиши подшоҳии рус буд. 23 феврал солҳои тӯлонӣ дар СССР ҳамчун Рӯзи Артиши шӯравӣ ва Флоти ҳарбӣ-баҳрии он ҷашн гирифта мешуд. Баъди пошхӯрии СССР низ дар бархе аз ҷумҳуриҳои собиқ ин рӯз гиромӣ дошта мешавад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон 23 феврал чун Рӯзи нерӯҳои низомӣ ҷашн гирифта мешавад.
23.02.1943.Дар рафти ҶБВ, аскари қаторӣ Александр Матросов бо тани худ нуқтаи пулемётии немисҳоро пӯшонид ва ҳаммаслаконаш тавонистанд баландиро ба даст оранд. Тибқи нақли таърих, ӯ аз ҷумлаи 56 нафаре буд, ки дар рафти ҷанг бо танаш нуқтаи оташфишонии душманро пӯшонд. Аммо дар Маскав маҳз ӯро интихоб карданд. Мегӯянд, Матросов ҳатто чанд рӯз қабл ё баъди 23 феврал ин қаҳрамониро анҷом дод, аммо дар Кремл 23 февралро таъйин намуданд.
23.02.1944. Иосиф Сталин Ҷумҳурии Автономии Чечену Ингушро барҳам дода, фармон дод, ки тамоми аҳолии ин ҷумҳурӣ ба Қазоқистон ва навоҳии Шимоли Ақсо депорт карда шавад. Ба ин депортатсия аз кӯдакони ширхора то пирамардони фартут шомил мешуданд.
24.02.1989.Дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон, гирдиҳамоии мардумӣ барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ доир шуд. Мақомот ба баргузории митинг иҷозат надоданд, аммо бо вуҷуди ин гирдиҳамоӣ барпо шуд ва дар он тақрибан 3500 нафар ширкат карданд. Гирдиҳамомадагон бе зӯргӯӣ хосту далелҳои худро гуфта, посухи намояндагони давлатро шуниданд ва ваъдаи онҳоро гирифтанд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода хоҳад шуд. Намоиши эътирозии 24 феврал бо талошҳои 3 нафар-омӯзгорони УДТ ба номи В.И.Ленин Барот Мақсудов ва Ҷумъахон Исоев, ҳамчунин коргари фабрикаи пойафзолбарории ш.Душанбе Сафари Мастонзод созмон ёфта, аз ҷониби онҳо раҳбарӣ шуд.
25.02.1943. Артиши Сурх ба Артиши Шӯравӣ тағйири ном кард.
Меҳрубон
Салимшоев