ХАБАРИ ДОҒ

Аз ҳабси Бухарин то шӯриши матросҳо

  • Чоршанбе, Март 06 2019


26.02.1917. Баъди намоишҳои эътирозӣ дар Петроград подшоҳ Николайи 2 фармон дод, ки эътирозро бо зӯр пахш кунанд ва Думаи давлатии Русия низ пароканда карда шуд. Лек соати 12-и рӯз гирдиҳамоиҳои нав оғоз ёфтанд, ки онро низ аскарони подшоҳӣ бо зӯр пароканда карданд. Дар ҷавоб коргарон дар шаҳр даст ба шӯриш зада, дар кӯчаҳо сангар гирифтанд. Дар Петроград корпартоии оммавӣ шурӯъ шуд ва чанде аз қисмҳои низомӣ низ ба шӯришгарон пайвастанд.
26.02.1924. Бо қарори КМИ СССР шаҳри Грозний барои муборизаи қаҳрамононаи меҳнаткашони шаҳр зидди душманони инқилоб ва барқароркунии саноати нафтӣ бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шуд.
26.02.1944. Зиёда аз 600 тайёраи бомбаандози шӯравӣ ба пойтахти Финляндия-шаҳри Хелсинкӣ ҳамла карданд. Он аз ҳама ҳамлаҳои бузурги ҳавоиест, ки нерӯҳои ҳавоии СССР дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ анҷом доданд.
26.02.1990. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав Ватслав Гавел (президенти Чехословакия) ва Михаил Горбачёв созишнома оид ба баровардани нерӯҳои ҳарбии СССР аз Чехословакияро ба имзо расониданд. Артиши Шӯравӣ аз Чехословакия бароварда шуд.
27.02.1917. Шӯришгарон дар Петроград Аслиҳахона (Арсенал) ва Қасри Зимистонаро тасарруф карданд. Ҳукумати подшоҳӣ дар Русия сарнагун карда шуд. Зимоми қудратро дар кишвар "Кумитаи муваққатии Думаи Давлатӣ" ба ӯҳда гирифт ва дар шаҳр бошад Кумитаи иҷрояи Шӯроҳои вакилони коргарон ва аскарони Петроград таъсис ёфт.

27.02.1937. Дар пленуми КМ ВКП(б) аъзои собиқи Бюрои сиёсӣ Николай Бухарин ва Алексей Рыков аз ҷониби комиссари халқии корҳои дохила Николай Ежов ба хиёнат алайҳи ҳизб муттаҳам шуданд. Дар ҳамон пленум онҳоро аз ВКП(б) хориҷ карда, ба ҳабс гирифтанд.
28.02.1917.Оғози инқилоби февралӣ дар Маскав. Дар ин рӯз дуюмин шаҳри Русияро ошӯбҳои коргарӣ фаро гирифтанд ва қудрат дар ин шаҳр низ ба дасти шӯришгарон даромад.
28.02.1921. Дар Кронштадт (қароргоҳи нерӯҳои баҳрӣ) матросҳо алайҳи ҳукумати болшевикӣ шӯриданд. Сабаби аслии шӯриш ҷанги шаҳрвандӣ, гуруснагӣ ва норозигӣ аз Ҳукумати Шӯроҳо шуд. Шиори матросҳо "Ҳама қудрат ба Шӯроҳо, на ба ҳизбҳо!!!" шуд. Ба Маскав муяссар гардид, ки дар зарфи 18 рӯз шӯришро пароканда кунад.
1.03.1991. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ шахтёрони шаҳри Донбасс корпартоӣ эълон карданд. Дар ин корпартоӣ аввалин бор дар СССР шиорҳои сиёсӣ матраҳ шуданд ва яке аз шартҳо истеъфои Горбачёв ба шумор мерафт.
2.03.1919. Дар Маскав Конгресси аввалини Коминтерн ба кори худ сар кард. Коминтерн ташкилоте буд, ки мебоист муборизаи коммунистҳоро берун аз Русияи Шӯравӣ сарварӣ мекард.
2.03.1956. Дар Тифлис-пойтахти РСС Гурҷистон намоиши эътирозии донишҷӯён зидди сиёсати Хрушев ва ба тарафдории Сталин ба вуқӯъ пайваст. Ин намоишро нерӯҳои мусаллаҳи шӯравӣ пароканда карданд.
2.03.1969. Нерӯҳои мусаллаҳи Чин ҷазираи Даманскийро дар дарёи Уссурӣ ишғол карданд, ки ба даргирӣ миёни СССР ва Чин мунҷар шуд.
3.03.1918.Русияи Шӯравӣ ва Олмон созишномаи сулҳи Брестро ба имзо расониданд.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter