ХАБАРИ ДОҒ

Аз хоккейи шӯравӣ то НЭП

  • Чоршанбе, Март 13 2019


7. 03.1930. Дар СССР Қарор дар бораи умумигардонии замин, ҳайвоноти хонагӣ ва асбобу анҷоми колхозчиён ба тасвиб расид.
7.03.1935. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори Ҳизби Коммунист ҳамаи асарҳои Лев Тротский, Григорий Зиновев ва Лев Каменев аз китобхонаҳо бардошта шуданд.
7.03.1936. Артиши Фюрери олмонӣ ба вилояти Рур ворид шуданд. Ин вилоят, ки дар сарҳади Олмону Фаронса қарор дошт, тибқи Созишномаи сулҳи Версал ба ҳайати Фаронса даромад. Фюрер бо ворид шуданаш ба Рур сулҳи Версалро вайрон кард ва аввалин хиштро дар зербинои ҷанги нав гузошт.
7.03.1954.Хоккейбозони шӯравӣ бори нахуст мақоми чемпиони ҷаҳонро касб карданд. Дар бозии ниҳоӣ хоккейбозон бо хоккейбозони Канада қувва озмуда, бо ҳисоби 7:2 мунтахаби Канадаро шикаст доданд.
7.03.1967. Дар СССР ҳафтаи кории 5-рӯза бо 2 рӯзи истироҳат ҷорӣ карда шуд.
8.03.1910. Бо қарори Интернатсионали Сотсиалистӣ, ки дар Копенгагени Донморк мустақар буд, рӯзи 8 март Рӯзи Байналмилалии Занон эълон гардид.
8.03.1921.Дар Маскав Анҷумани Х-уми ВКП (б) доир гардид. Дар ин Анҷуман қарор дода шуд, дар СССР Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) роҳандозӣ гардад.
8.03.1950.СССР эълон намуд, ки дорои силоҳи атомӣ мебошад.

9.03.1940.Сарбозони финнӣ дар рафти ҷанги шӯравию финн, ки дар СССР бо ҷанги зимистона маъруф аст, бори аввал, бо тонкҳои шӯравӣ шишаҳои дорои моеъи оташангезро истифода намуданд.

Ин шишаҳо баъдан бо "коктейли Молотов" маъруф гардиданд ва аскарони шӯрави низ дар ҷанг бо Олмон аз ин шишаҳо васеъ истифода мебурданд.


9.03.1953. Дар Маскав маросими дафни Иосиф Сталин баргузор шуд. Рӯзи маросим дар пойтахт анбӯҳи зиёди мардум ҷамъ гардид ва анбӯҳи мардум ба ҳамдигар фишор овард. Дар натиҷа зиёда аз сад нафар дар фишордиҳиҳо ба ҳалокат расиданд.
10.03.1939. Оғози Анҷумани XVIII-и ВКП(б). Ин Анҷуман бо он маъруф гардид, ки дар он ғалабаи сотсиализм дар СССР эълон карда шуд.
11.03.1918. Артиши англисҳо дар шаҳри Мурмански Русия фуруд омад. Англисҳо дар муддати кӯтоҳ шаҳрро тассаруф намуданд. Дар баробари ин немисҳо низ дар самти ғарбии кишвар ба ҳуҷум гузашта, то наздикиҳои Петроград пеш рафтанд. Хавфи эҳтимолии немисҳо ҳукумати болшевикиро водор кард ба Маскав ҳиҷрат кунад. Роҳбарияти ҳизб ва ҳамаи идораҳои давлатӣ ба Маскав интиқол ёфтанд.
11.03.1931. Бо қарори ҳукумати шӯравӣ вуруди адабиёти динӣ ба СССР манъ карда шуд.
11.03.1985. Михаил Сергеевич Горбачев Котиби генералии Ҳизби Коммунист интихоб гардид.
12.03.1918. Ҳукумати болшевикӣ Маскавро дубора пойтахти Русия эълон намуд.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter